Митт Ромнӣ пешбарии номзадиашро пазируфт

Митт Ромнӣ пешбарии номзадиаш аз ҳизби ҷумҳурихоҳ ба интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Амрикоро расман пазируфт. Ӯ рӯзи 6 ноябр дар ин корзор бо раисиҷумҳури феълӣ Барак Обама вориди рақобат хоҳад шуд. Ромнӣ дар анҷумани ҳизб дар Тампа гуфт, Обама ба ваъдааш ҷиҳати додани умед ва ислоҳот амал накард. Ӯ худро беҳтарин умед барои табобати иқтисоди Амрико номид ва гуфт: “Ман пешбарии шуморо ба симати президенти Амрико мепазирам. Ин як ифтихори бузург ва масъулияти боӯ ҳам бузургтар аст ва ман аз шумо мехоҳам, ки дар ин роҳ ба сӯи ояндаи беҳтар маро ҳамроҳӣ кунед.”
Бино ба назарсанҷиҳо, Обама ва Ромнӣ дар ҳоли ҳозир аз пуштибонии тақрибан баробари мардуми Амрико бархӯрдоранд.