Дархости паноҳандагии се тоҷик дар Шветсия

Бино ба гузоришҳо, се узви фаъоли Ҳизби Демократи Тоҷикистон аз ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар Шветсия паноҳандагии сиёсӣ хостаанд. Дар ин бора наздикони Темур Тошев, бародари Муҳаммадрузӣ Искандаров ва ду узви фаъоли дигари ҳизб Синои Асадулло ва Ҷамолиддин Назриев хабар додаанд. Ҳар се нафар як моҳ пеш Тоҷикистонро тарк карда, ҳоло дар шаҳри Стокҳолм будаанд. Онҳо иддаъо кардаанд, ки барои ақидаҳои сиёсиашон дар Тоҷикистон ба ҷонашоно хатар таҳдид мекунад ва аз ҳукумати Шветсия хостаанд ба онҳо мақоми паноҳандаи сиёсӣ бидиҳад. Қарор аст, ин дархост ҳафтаи оянда баррасӣ шавад. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси собиқи ширкати давлатии “Тоҷикгаз” ва раиси Ҳизби Демократ соли 2005 бо гуноҳи дуздии моликияти давлат ва ҳамчунин терроризм ба 23 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ худро бегуноҳ медонад ва мегӯяд, парвандааш ангезаҳои сиёсӣ дорад.