Чанд сарбози Австралия дар Урузгон кушта шудаанд

Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО эълом карданд, ки як марди низомипӯши афғон се сарбози онҳоро куштааст. Ҳодиса рӯзи сешанбе дар вилояти Урузгон ба вуқӯъ пайвастааст, ки онҷо 1500 сарбози Австралия мустақар шудаанд. Артиши ин кишвар эълом кард, ки чанд сарбозаш дар Афғонистон ҳалок шудаанд, аммо ҷузъиёте надод. Тайи чанд моҳи ахир 45 сарбози хориҷӣ аксаран амрикоиҳо аз тарафи шарикони афғони худ кушта шудаанд, ки ин мояи нигаронии фармондеҳони НАТО шудааст.