Боздошти як узви Ҳаракати исломии Туркистон

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми куштор таҳти таъқиб қарор дошт, дар Маскав дастгир шудааст. Исми ӯ оварда намешавад, вале ба гуфтаи пулис, боздоштшуда узви Ҳаракати исломии Туркистон аст, ки созмони террористӣ эътироф шудааст. Мақомоти Русия ин нафарро алакай як дафъа дастгир карда, ба Тоҷикистон супурдаанд, вале ӯ баъдан бо шиносномаи ҷаълӣ ба Русия баргаштааст. Ҳаракати исломии Туркистон дар асл ҳамон Ҳаракати исломии Узбакистон аст, ки барои сохтани хилофати исломӣ дар Осиёи Марказӣ меҷангад. Фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон манъ шудааст.