Меҳмони навбатии "Озодӣ" Бахтиёр Қосимов аст, ки дар миёни дӯстдорони мусиқии рэп бо тахаллуси "Баха-84" маъруф мебошад.
Бахтиёр Қосимов ё Баха-84 соли 1988-ум дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аст. Солҳои донишҷӯӣ дар Радиои "Ватан" ба ҳайси коргардони овоз кор кардааст. Соли 2010-ум вориди майдони серрақобати репсароӣ шуда, ҳоло "Баха-84" исми маъруф дар миёни ҷавонону наврасон ва ҳатто хурдсолони тоҷик мебошад.
Таронаҳои "Зиндагиро дӯст медорам", "Ҷунбон-ҷунбон", "Падар", "Дили девона", ки бо матнҳои шевагии қобили фаҳм иҷро шудаанд, дар миёни ин насл шунавандаи зиёд доранд ва ин таронаҳо тайи чанд моҳ аст дар сархати хит-парадҳои радиоҳои маҳалӣ ҳам қарор мегиранд. Баха-84 аз камтарин репсароёнест, ки тавонист дар толорҳои нисбатан бузурги консертӣ барномаҳои ҳунарии худро ташкил ва дӯстодорони мусиқии рэпро гирди ҳам орад.
Баха-84 ин ҷавони худбовару ба оянда хушбин бовар дорад, ки рӯзе миллиардер ё як шахси сарватманд мешавад.
Озодӣ: Бахтиёр, ба фикрам имрӯзҳо серташвишед ба консерти навбатиатон, ки бояд бо Фарзона ва Ҳабиб Ҳакимов доир шавад, омодагӣ мегиред? Чӣ консерт аст?
Бахтиёр Қосимов: «Бале, воқеан серташвишем. Якуми сентябр дар шаҳри Қӯрғонтеппа як консерт дорем. Рӯзи нӯҳуми сентябр дар Ҳисор ва Душанбе ва даҳуми сентябр дар Файзобод консерт дорем. Яъне, имрӯзҳо ба ҳамин силсилаконсертҳо омодагӣ мегирем».
Озодӣ: Репсарое, ки имрӯз дар миёни насли ҷавону наврас ва ҳатто хурдсолон маъруф асту мухлис дорад дар асл кӣ аст? Рақами 84 дар тахаллуси эҷодии шумо ба чӣ маъност?
Бахтиёр Қосимов: «Баха-84 ин як ҷавони оддиву шӯх аст, ки дар маҳаллаи 84-уми пойтахт зиндагӣ мекунад. Ман дар мактаби 54-и маҳаллаи 82 таҳсил мекардам ва он ҷо маро чун Баха-84 мешинохтанд, баъд дигар ҳамин ба як тахаллус табдил ёфту монд. Аммо барои онҳое, ки номи аслиамро намедонанд, ёдовар мешавам, ки номам Бахтиёр аст".
Озодӣ: Аслан маълум аст, ки дар Тоҷикистон солҳои ахир таваҷҷӯҳ ба репу репсароӣ хеле зиёд аст. Мисли шумо ҷавонону наврасоне ҳам зиёданд, ки бо забони тоҷикӣ репсароӣ мекунанд. Аммо гуфта мешавад Баха-84 дар ин майдон то ҳадде муваффақтар аст. Далели ин муваффақият чӣ аст? Чӣ воситаҳое буданд, ки шуморо ба ин зинаҳо бароварданд?
Бахтиёр Қосимов: «Рости гап, шояд ин ҳама аз талошу кӯшишҳоям вобаста аст. Ман назди худ мақсад гузошта будам. Вақте дар радиои "Ватан" кор мекардам, коргардони овоз будам, баъзан рэпҳои хондаамро пинҳонӣ дар эфир медодам ва бисёриҳо, дӯстону шиносҳоям намефаҳмиданд, мепурсиданд, ки, садои кӣ аст ин, мегуфтам, "намедонам, аз Интернет ёфтам". Хулоса, ҳамин тавр одамҳо ба таронаҳо дар жанри рэп таваҷҷӯҳ мекарданд. Баъдан, аз болои худ зиёд кор мекардам, консерту рэпхонии рэпсароёни хориҷаро медидам, ки дар саҳна бояд чӣ кор кард, кӯшиш мекардам, кӣ чизе ёд гирам».
Озодӣ: Сару садоҳое ҳам ҳаст, ки омили аслии пешравии шумо, ба фарқ аз дигар репсароён, дар дороии волидонатон аст. То куҷо ин ҳақиқат дорад?
Бахтиёр Қосимов: «Рости гап, Худораҳматии падарам, вақте нахустин таронаҳои маро шунид, гуфт, "ин чӣ аст, мусиқиро монда гап задестӣ"? Модарам ҳам тарафдори ин кори ман набуд. Ман риск, таваккал мекардам. Пул қарз гирифта консерт мекардам. Он замон донишҷӯ будам ва агар чиптаҳои консертам ба фурӯш намерафт, наметавонистам қарзҳоро баргардонам, вале ман риск кардам. Аввалин баромадам дар маркази "Вефа" буд, он вақт гуфтам, ҳамин аввалину охирин боре аст, ки ман дар назди тамошобинон рэпсароӣ мекунам, аммо вақте рӯйи саҳна омадам, гуфтам не, ин кофӣ нест. Мақсади ман ин нест. Як корро, ки пеш гирифтӣ, бояд то охир бубарӣ. Ҳамин хел корамро дар ин ҷода давом додан гирифтам».
Озодӣ: Оё реп ба хонандаҳояш даромад меорад? Агар ҳамин тавр бошад, пас, аз кадом ҳисоб?
Бахтиёр Қосимов: «Даромади аслии овозхонон аз тӯй аст, аммо бо мусиқии рэп тӯй рафта намешавад. Ҳарчанд даъватҳо ҳастанд. Дар маҷмӯъ гирӣ, ин чандон даромаднок нест. Вале, масалан, як ҳамсояи мо аслан рэпро гӯш намекарду бад медид ин навъи мусиқиро, аммо фарзанди дусолааш, ки аслан гап намезадааст,
як рӯз якбора ба падараш як ҷумла гуфтааст. Аввалин чизе, ки ёд гирифтааст, ин "Зиндагиро дӯст медорам" будааст. Баъд он падар маро даъват карду гуфт, чӣ хизмате бошад ба ӯ муроҷиат кунам. Хулоса, ба хотири хушҳолии ҷавонон, ба хотири як хандаи роҳгузар, мехоҳам рэпсароиро идома диҳам».
Озодӣ: Зимнан, дар мавриди суруди «Зиндагиро дӯст медорам», ки миёни ҷавонону наврасон хеле маъруф аст - ин тарона чӣ гуна эҷод шуд? Умуман, матни сурудҳои шуморо кӣ менависад?
Бахтиёр Қосимов: «Матнро худам менависам. Таронаи зиндагиро, баъди як сафарам ба берун аз кишвар навиштам. Дар ғарибӣ будем, он шабу рӯз хеле сард буд, барфу борон, мо дар роҳ мондем, сумкаҳоро дуздиданд. Вақте ба Тоҷикистон расидем, ҳаминхел хурсанд шудам. Ватанро мебинӣи, дигар мегӯӣ:
"Ма наметарсам аз барфу борон, казачек туфлиём, брюк дар друни наскиём" -
Яъне, дар ватани худ будан дигар аст. Аммо аслан, вақте матнро, ки худ навиштӣ, худат медонӣ, ки онро бо кадом эҳсос бояд хонд".
Озодӣ: Аслан дар Тоҷикистон мақомот ба ин навъи мусиқӣ чандон назари хуб надоранд. Рэп мусиқии бегона дониста мешавад ва ба телевизионҳо ва озмунҳои расмӣ роҳ намеёбад. Ба назари онҳо рэп метавонад дар тарбияи насли наврас ҳам таъсири манфӣ гузорад. Оё дар пешорӯйи шумо ҳам монеаҳо ҳастанд дар ин самт?
Бахтиёр Қосимов: «Албатта, танқидҳо зиёд аст, аммо тарбияи насли наврас аз хона аз волидайн вобаста аст. Рэп ин як навъи мусиқӣ аст, на ягон воситаи дашномдиҳиву вайрон кардани тарбия».
Озодӣ: Ҳадафи реп баёни мушкилоти ҷомеа аст ва ғолибан ба ин восита дарду мушкили ҷомеа гуфта мешавад, вале дар мо бештар репсароён мавзӯъҳои оддиву ишқиро интихоб мекунанд. Дар таронаҳои шумо ҳам ба ҷуз аз як-ду таронае дар васфи ғарибӣ дигар аксарият мӯҳтавои ишқӣ доранд. Оё имкони баёни мушкилот аз тариқи репро надоред, ё чӣ аст сабаб?
Бахтиёр Қосимов: «Рост, имкон дорем, вале зиндагӣ худ як мушкили бузург аст ва шарт нест, ки мо ҳар рӯз аз дарду мушкилоте, ки ҳама дорем, боз ёдрас шавем. Мушкил ҳам бошад, бояд ҳаракат кард, пеш рафт. Агар ҳар рӯз шикоят кунему аз мушкил гӯем, дигар аз ҳамин мушкилот намебароем. Ман метавонам дар бораи кисаҳои холӣ, бекорӣ рэп хонам, аммо не. Фикрҳои хуб кардан даркор аст»
Озодӣ: Бархе шуморо ба истифодаи мусиқии хориҷӣ айбдор мекунанд. Барои мисол, таронаи "Ҷунбон-ҷунбон"-ро мегӯянд, ки мусиқиаш аз як таронаи маъруфи юнонист.
Бахтиёр Қосимов: «Бале ин тарона, ягон чизи ҷиддӣ набуд. Мо онро ҳамроҳи дӯстонам бо шӯхӣ ва барои худамон дар шакли тоҷикӣ сабт кардем, аммо ин паҳн ва машҳур шуд».
Озодӣ: Аслан ҳамин рэп барои шумо чӣ аст, касб аст ё як машғулияте барои дилхушии муваққатӣ? Яъне ояндаи худро чӣ гуна мебинед?
Бахтиёр Қосимов: «Ман нақшаҳои худро дар радио намегӯям, чун одамӣ аст, имкон дорад онҳо амалӣ нашаванд. Аммо ман иштибоҳҳои худро дида истодаам ва талош дорам кори худро беҳтар кунам. Бадтарин чиз ин аст, ки вақте инсон камбудиҳои худро намебинад ва дар ин ҳолат ӯ пеш ҳам намеравад».