Мақомот мегӯянд, ки дар нимаи дуюми моҳи сентябр сафари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Хоруғ дар назар аст.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, барои рушди вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бозорҳои наздимарзии онро минтақаи озоди тиҷоратӣ эълон хоҳанд кард. Ба эҳтимоли зиёд, ин як иқдоме аз барномаи ҳукумат барои эҷоди эътимоди мардуми Помир ба ҳокимияти марказист. Як манбаи наздик ба ҳукумат гуфт, дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ба ниҳодҳои гуногуни давлат супориш додааст, ки дар таҳияи ин барнома ширкат кунанд.
Эҳтимол меравад, аксар нукоти ин нақша ҳангоми сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Хоруғ дар моҳи сентябр ошкор шаванд. Аммо ин эҳтимол низ мавҷуд аст, ки барномаи мазкур бештар ҷанбаъҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хоҳад дошт ва бархе аз коршиносон мегӯянд, танҳо бо расондани ёриҳои молӣ душвор хоҳад буд, ки давлат битавонад озурдагӣ ва рӯҳияи осебдидаи мардуми Бадахшонро аз байн барад.
Вале ба гуфтаи раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Қодири Қосим, кӯмакҳо бояд дар навбати аввал фаврӣ ва ҳамчунин дарозмуддат бошанд. Дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Радиои Озодӣ, ҷаноби Қосим гуфт, дар қадами аввал ба нафарони зарардида маблағ дода шуд ва манзилҳои харобшудаи сокинони Хоруғ дар пайи ин амалиёт низ навсозӣ мешаванд ва аз тарафи ҳукумати марказӣ ҳам ёриҳо ба мардум мерасад.
"Мардум талаб мекунад. Ба хаёлам, роҳбари давлат ҳам ба ин гӯш андохта истодааст. Албатта, омадани Ҷаноби олӣ як дастгирӣ барои мардум ҳам рӯҳан ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ барои вилоят ҳам дар ҳар дафъа омаданаш мешавад. Бовар дорам, ки раисиҷумҳур меояд ва боз баъзе кӯмакҳову гузаштҳо мумкин шавад", - илова кард ӯ.
Вазири дифои Тоҷикистон, Шералӣ Хайруллоев, ки ба амалиёти Хоруғ раҳбарӣ мекард, гуфтааст, сафари раисиҷумҳур ба Бадахшон фурсате барои омодагӣ мехоҳад ва ин омодагӣ босуръат ҷараён дорад. Ин суханони ҷаноби Хайруллоев дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мавриди маломат қарор ёфтаанд ва шореҳон навиштаанд, ки набояд аз ин сафар ҷашнвора дуруст кард, балки ба мушкили мардум расид.
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, барои барқарор кардани эътимод ва аз байн бурдани озурдагиҳои ҳаводиси ахир вогузории бархе аз имтиёзҳо ба мардуми Бадахшон метавонад асар кунад. Барои мисол, гуфт ӯ, ба вазифа ва масъулиятҳо овардани кадрҳои бадахшонӣ, додани имтиёзҳо барои донишҷӯёни ин вилоят ва ё ташкили манотиқи озоди иқтисодӣ дар бозорҳои наздимарзии ин қаламрав:
"Аллакай эълон шудааст, ки баъзе имтиёзҳо ба минтақаи тиҷоратии Ишкошим дода мешавад. Шояд ба Қулма ҳам ингуна имтиёзҳо дода шаванд. Яъне, бо ин васила осон кардани тиҷорати мардум ва поин овардани нархҳо ва серу пур гардондани бозорҳо аз молҳо, ки инҳо метавонад озурдагии мардумро аз байн барад."
Аммо Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва раиси ҲНИТ, бар ин аст, ки касби эътимоди мардуми Бадахшон барои ҳукумат баъд аз чунин амалиёти низомӣ кори душвор хоҳад буд. Бо вуҷуди ин, мегӯяд ӯ, ҳоло коре, ки ҳукумат метавонад анҷом диҳад ва эътимодро ба даст оварад, пеш аз ҳама иҷрои шартҳои созиши миёни ҷонибҳост:
"Бо роҳу усулҳои кӯҳна дигар имкон надорад. Мисли фиристодани кӯмаки башардӯстона ва ё сохтану кушодани ҳар иншооти ҷашнӣ ё ҳар иншооти дигар. Муҳимтарин василаи ба даст овардани эътимод иҷрои тавофуқномаҳоест, ки байни мақомоти давлатӣ ва гурӯҳҳои миёнарав ва инчунин гурӯҳҳои ташаббускори ин гуфтушунидҳо буд. Агар ин созишнома риоят ва иҷро шавад, қадами хеле бузург барои ба даст овардани эътимод мешавад."
Ба ақидаи аксари коршиносон, “тармими равобит” бо мардуми Бадахшон вақти зиёдеро талаб хоҳад кард. Аммо бе назардошти ҳамаи ҷанбаҳо ва талоши самимона гумон аст, ин барнома ба ҳадди зарурӣ муваффақ шавад. Ба ҳар сурат, меафзоянд онҳо, дурнамои раванд ба он бастагӣ хоҳад дошт, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо чӣ дастовезе ба Хоруғ сафар хоҳад кард.
Эҳтимол меравад, аксар нукоти ин нақша ҳангоми сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Хоруғ дар моҳи сентябр ошкор шаванд. Аммо ин эҳтимол низ мавҷуд аст, ки барномаи мазкур бештар ҷанбаъҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хоҳад дошт ва бархе аз коршиносон мегӯянд, танҳо бо расондани ёриҳои молӣ душвор хоҳад буд, ки давлат битавонад озурдагӣ ва рӯҳияи осебдидаи мардуми Бадахшонро аз байн барад.
Вале ба гуфтаи раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Қодири Қосим, кӯмакҳо бояд дар навбати аввал фаврӣ ва ҳамчунин дарозмуддат бошанд. Дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Радиои Озодӣ, ҷаноби Қосим гуфт, дар қадами аввал ба нафарони зарардида маблағ дода шуд ва манзилҳои харобшудаи сокинони Хоруғ дар пайи ин амалиёт низ навсозӣ мешаванд ва аз тарафи ҳукумати марказӣ ҳам ёриҳо ба мардум мерасад.
"Мардум талаб мекунад. Ба хаёлам, роҳбари давлат ҳам ба ин гӯш андохта истодааст. Албатта, омадани Ҷаноби олӣ як дастгирӣ барои мардум ҳам рӯҳан ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ барои вилоят ҳам дар ҳар дафъа омаданаш мешавад. Бовар дорам, ки раисиҷумҳур меояд ва боз баъзе кӯмакҳову гузаштҳо мумкин шавад", - илова кард ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад