Асад мегӯяд, дасисаи хориҷиро шикаст медиҳад

Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, гуфт, кишвараш дар мубориза ба зидди ончӣ, ки “дасисаи хориҷӣ алайҳи Сурия” хонд, пирӯз хоҳад шуд. Хабаргузории расмии Сурия навиштааст, Башор Асад дар мулоқот бо Аловуддин Буруҷердӣ, раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии порлумони Эрон, дар Димишқ гуфтааст, “Ончӣ ки дар Сурия мегузарад, на танҳо алайҳи Сурия, балки тамоми минтақа нигаронида шудааст.” Айни замон мухолифони давлати Сурия мегӯянд, дар наздикии шаҳри Димишқ даҳҳо ҷасад пайдо кардаанд, ки дар “қатли оми” нерӯҳои ҳукуматӣ қурбон шудаанд. Бино ба гузоришҳо дар чанд хона ва таҳхонаҳои шаҳри Дорё бештар аз 200 ҷасад пайдо кардаанд.