Таъйиди дигари қатли Бадруддин Ҳаққонӣ

Раёсати Амнияти Миллии Афғонистон мегӯяд, маъмурони амниятиаш таъйид ккардаанд, як фармондеҳи олирутбаи шабакаи Ҳаққонӣ, ки дар Покистон паноҳ мебарад, кушта шудааст. Ба гуфтаи раёсат, Бадруддин Ҳаққонӣ, писари Ҷаллолуддини Ҳаққонӣ, муассиси ин шабакаи ифротгаро рӯзи панҷшанбе гузашта 25 август дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар Вазиристони Шимолӣ, як минтақаи қабоилнишини Покистон кушта шудааст. Аммо Толибон, як шарики ин шабака мегӯяд, ки Бадруддин Ҳаққонӣ зинда аст. Мақомоти Амрико ва Покистон то кунун иттилоъи марги ин фармондеҳи тундравонро таъйид накардаанд. Бадруддин Ҳаққониро яке аз фармондеҳони асосии шабакаи Ҳаққонӣ медонанд, ки ҳамлаҳои хунине ба сарбозони хориҷӣ дар Афғонистон анҷом додааст.