Дар Доғистон боз як пулис кушта шуд

Бар асари ҳамла ба як гурӯҳи пулис дар шаҳри Хасавюрти ҷумҳурии Доғистони Русия як пулис кушта ва сеи дигар захмӣ шудаанд. Ин маъмурон ҳангоми убур аз пул таҳти оташ қарор гирифтаанд. Пулис ва нирӯҳои амниятӣ ҳамлагаронро ҷустуҷӯ доранд. Вазъи амниятӣ дар Доғистон ва ҷумҳуриҳои дигари Қафқози шимолӣ дар моҳҳои охир вахимтар шудааст. Ҳамлаҳо алайҳи нирӯҳои интизомӣ бахусус дар Доғистону Ингушистон ва Кабардину Балқар афзоиш ёфта, 18 август дар маросими дафни як афсари пулис дар Ингушистон 8 ҳамкори ӯ ҷон бохтанд.