Фаронса: "Юнон бояд дар минтақаи евро боқӣ монад"

Франсуа Олланд-президенти Фаронса

Президенти Фаронса Франсуа Олланд мегӯяд, Юнон бояд дар минтақаи гардиши евро боқӣ монад, вале мақомоти Афина бояд ӯҳдадориҳояшон дар масъалаи коҳиши касри буҷетро иҷро кунанд. Рӯзи шанбе президенти Фаронса дар пойтахти ин кишвар сарвазири Юнон Антонис Самарасро ба ҳузур пазируфта, ислоҳоти иқтисодӣ ва шароити тақдими қарзи Иттиҳодияи Аврупо ба Юнонро баҳс кард. Рӯзи ҷумъа Самарас бо канслери Олмон хонум Ангела Меркел низ вохӯрда буд. Дар ин вохӯрӣ Меркел изҳор намуд, ки Берлин аз Афина иҷрои ӯҳдадориҳояшро интизор дорад. Самарас кӯшиш дорад, мӯҳлати иҷрои тақозоҳои Иттиҳодияи Аврупо дар муқобили қарзҳоро, ки тибқи соли 2014-ум ба поён мерасад, таъхир диҳад.