Рӯзи шанбе гурӯҳҳои асосии мухолифи ҳукумати Сурия аз СММ ва Ҷомеа ё худ Лигаи давлатҳои араб даъват карданд, ки аз фоҷеа дар вилояти Ҳумс ҷилавгирӣ кунанд. Ба қавли гурӯҳи мухолифин бо номи Шӯрои миллии Сурия 80 рӯз инҷониб Ҳумс дар муҳосираи нерӯҳои ҳукуматӣ қарор дорад ва роҳҳои икмолот баста шудаанд. Рӯзи ҷумъа фиристодаи нави СММ ва Ҷомеаи давлатҳои араб дар Сурия Лахзар Иброҳимӣ бо дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дар шаҳри Нюйорк вохӯрд.
Иброҳимӣ гуфт:
“Ман баъзе афрод дар Сурия ва минтақаро мешиносам. Ман каме дар бораи вазъи он ҷо ва тарзи иҷрои вазифаҳоям дар назди СММ, шумо-дабири кулли СММ, ҷомеаи кишварҳои араб ва раҳбари он доктор Набил ал-Арабӣ, вале қабл аз ҳама мардуми Сурия сӯҳбат кардаам”.
Ба ақидаи Иброҳимӣ сабаби нокомии фиристодаи пештараи СММ дар Сурия Кофӣ Аннон ин буд, ки ҷомеаи байналмилалӣ иқдомҳои ӯро дастгирӣ намекард. Дар ин байн идораи паноҳандагони СММ гузориш дод, ки дар ҷараёни низои ҳабдаҳмоҳаи Сурия беш аз 200 ҳазор сокини ин кишвар ба хориҷа фирор кардаанд.