Ғаффорӣ: "Тоҷикон ҷои маро ба ғайриварзишиҳо доданд"

Ҳусейн Ғаффорӣ (Акс аз телевизиони форсии Би-би-сӣ гирифта шудааст)

Як мураббии эронӣ аз он шикоят дорад, ки масъулони риштаи варзиши Тоҷикистон ҷои ӯро дар деҳаи олимпии Лондон ба каси дигар додаанд.
Ҳусейн Ғаффорӣ, мураббии собиқи тими таэквандои Тоҷикистон, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматовро ҳамроҳӣ мекардааст, бо вуҷуди доштани корт дар пушти дарвозаи деҳаи олимпӣ дар Лондон монда, аз раҳнамоии шогирдонаш маҳрум шудааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, масъулони риштаи варзиши Тоҷикистон ҷои ӯро дар деҳаи олимпии Лондон ба “афроди ғайриварзишӣ” ҳадя кардаанд.

Ҷаноби Ғаффорӣ ин ҳарфҳоро дар сӯҳбат бо бахши форсии телевизиони Би-би-сӣ баён доштааст. Ӯ гуфта, ки “ба деҳкадаи олимпӣ бо корт ворид шудам. Кортро нишон додам, гуфтанд, ки риҷестер (регистратсия) шудаед, аммо ҷой надоред. Мо бояд корти Шуморо бекор кунем. Гуфтам, ба чӣ далел? Гуфтанд, Тоҷикистон ин ҳама саҳмия, ки дорад дар деҳкада, пур кардааст.”

Ончуноне ки ҷаноби Ғаффорӣ дар сӯҳбат бо бахшии форсии телевизиони Би-би-сӣ ҳикоят кардааст, баъдан ӯ бо Муҳаммадшоҳ, раҳбари дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ҳамсӯҳбат мешавад, ки бенатиҷа будааст. “Вақте ӯро пайдо кардем, ин тавр ба ман ҳамла кард, ки ту аслан ин ҷо кӣ кор мекунӣ? Кӣ гуфт, ки ин ҷо биёед? Гуфт, ҷои мо пур шуда ва мо ҳеҷ кор карда наметавонем. Мушкили Шумо бо федератсияи таэквандост”,-нақл мекунад Ҳусейн Ғаффорӣ.

Исматулло Хоҷаев, ноиби раиси федератсияи таэквандои Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо бахши форсии Би-би-сӣ низ натавонистааст, ин масъалро шарҳ бидиҳад. Аммо ҳамзамон афзудааст, агар ҷаноби Ғаффорӣ дар ин олимпиада иштирок мекард, ҳатман рӯҳияи ҷавонон бардошта мешуд ва шояд онҳо хубтар ҳунарнамоӣ мекарданд.

Худи мураббии эронӣ дар сӯҳбаташ ба ин нукта ишора кардааст, ки саҳмия ё квотаи Тоҷикистонро бештар онҳое дарёфт ва дар деҳкадаи олимпӣ ҳузур доштанд, ки ғайриварзишӣ буданд: “Кортҳои зиёде содир карда буданд ва меҳмонҳои зиёде ҳам дар деҳкадаи олимпӣ доштанд. Яке аз онҳо писари Неъматов, муовини аввали раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, буд. Як писарбачаи 13-14-сола. Аз 18-уми июл дар деҳкадаи олимпӣ буд. Аммо мураббии тими Тоҷикистон дар берун монд ва афроде, ки ба варзиш рабт надоштанд ва ё меҳмонашон буданд, дар он ҷо ширкат карданд."

Аммо то кунун мақомоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ин масъала рӯшанӣ наандохтаанд ва ҳам маълум нест, ки ин кор ноогоҳона сурат гирифта ва ё дидаву дониста.

Ёдовар мешавем, дар Олимпиадаи Лондон 16 варзишгари тоҷик иштирок карданд ва аз миёни онҳо танҳо муштзан Мавзуна Чориева бо медали биринҷӣ бозгашт. Дар миёни онҳо таэквандочиёни тоҷик Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов низ буданд, ки бори аввал аз рӯи ин навъи варзиш иштирок доштанд, аммо дар бозӣ бо ҳарифони худ ба шикаст рӯбарӯ шуданд.