Ба навиштаи хабаргузории “Озодагон”, қариб ҳар издивоҷи даҳум дар Тоҷикистон бо талоқ анҷом меёбад. Бино ба омори расмӣ, дар нимаи аввали сол дар кишвар 42 500 ақди никоҳ ва беш аз 4000 мавриди талоқ сабт шудааст. Агар соли гузашта ба ҳар 1000 издивоҷ дар Тоҷикистон 83 талоқ рост меомад, имсол ин рақам ба 92 мавриди талоқ расидааст.