Бино ба омори расмӣ, дар нимаи аввали сол дар Тоҷикистон 92 500 кӯдак зоднома гирифта, дар ин муддат 17 900 нафар, бо шумули 1400 кӯдаки то яксола даргузаштаанд. Ҷамъи аҳолии Тоҷикистон танҳо аз соли 2000 ба ин тараф 23 фоиз афзуда, феълан 7 565 000 нафарро ташкил медиҳад. Бино ба гузориши ожонсии давлатии «Ховар», 27 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар шаҳр ва 73 дарсадаш дар русто ба сар мебарад.