Дар ин бора, дар як изҳороти ин ҳизби мухолифи давлат тақозо шудааст.
Дар баёнияие, ки Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон баъди анҷоми ҷаласаи Шӯрои сиёсии худ рӯзи 24-уми август интишор кард, аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо шудааст, ки дар робита бо рӯйдодҳои Хоруғ гузориш бидиҳад. Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки ҳама дастуру қарор ва амру фармонҳои ҳукумат дар робита ба ҳаводиси ахири вилояти Бадахшон бояд барои ҷомеаи кишвар дар ихтиёри ҷамъият гузошта шавад.
Дар ин баёнияи аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешавад, ки тавассути телевизион баромад карда, мавқеи худро дар иртибот ба "нақзи саросарии қавонин ва Қонуни асосӣ дар қаламрави кишвар ва бахусус ВМКБ" муайян намояд.
Дар идомаи ин баёния Шӯрои сиёсии ҲСДТ гуфтааст, ки дар сурати иҷро нашудани ин талабҳо онҳо ҳақ доранд, ки истеъфои раиси ҷумҳурӣ ва ҳукумати Тоҷикистонро дар миён гузоранд.
Рӯйдодҳои Хоруғ ва ҳодисаи ахири ба таври мармуз кушта шудани Имомназар Имомназаров, яке аз раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи Бадахшон ва аз чеҳраҳои матраҳ дар ҳодисаҳои Хоруғро намояндагиҳои аҳзоби сиёсии кишвар дар шаҳри Кӯлоб ҳам интиқод карданд. Дар муроҷиатномаи муштараки онҳо рӯзи 24-уми август дар паи мулоқоташон дар дафтари саҳроии Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо дар Кӯлоб аз мардуми Бадахшон даъват мешавад, ки «сабру таҳаммулро аз даст надиҳанд ва дар баробари дасисаву фитна тасмими дуруст бигиранд».
"Дар ҳодисаҳои ахири Бадахшон дасти бадхоҳони миллати тоҷик мушоҳида мешавад. Маълум аст, ки бадхоҳон оромии Тоҷикистонро намехоҳанд. Танҳо тасмимҳои дурусту ватандӯстонаи мардуми Бадахшон метавонад ин нақшаи онҳоро барбод диҳад", - гуфта шудааст дар муроҷиатнома.
Ҳизбҳои сиёсӣ дар поёни муроҷиатномаи худ таъкид мекунанд, ки мухолифи хушунат ва хунрезӣ дар кишвар буда, тарафдори оромиву якпорчагии Тоҷикистон ҳастанд.