Мирҳусейн Мусавиро ба бемористони қалб интиқол доданд

Мирҳусейн Мусавӣ

Сомонаҳои интернетии Эрон гузориш додаанд, ки Мирҳусейн Мусавӣ-раҳбари мухолифони Эрон ба шифохона интиқол дода шудааст. Вай аз моҳи феврали соли 2011 дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.

Ардашер Арҷуманд-мушовир ва сухангӯи Мусавӣ дар мусоҳиба бо бахши Фардои радиои Озодӣ ин хабарро таъйид кард. Арҷуманд, ки дар Порис ба сар мебарад, оятуллоҳ Алӣ Хоманеиро масъули саломатии Мусавӣ арзёбӣ кард.