Бино ба гузоришҳо, 5 шӯришии дигари курд дар задухӯрд бо нируҳои Туркия дар ҷануби шарқи ин кишвар кушта шудаанд. Мақомоти амниятии Туркия мегӯянд, ки шӯришиён аз Ҳизби Коргарии Курдистон ё Пи Кей Кей дар ноҳияи Семдинлӣ ба дафтари пулис ва ба дафтари ҳукумати маҳаллӣ ҳамла бурдаанд. Ин минтақа дар наздикии марзи миёни Ироқу Эрон қарор дорад.
Субҳи рӯзи панҷшанбе шӯришиёни Пи Кей Кей ба ду посгоҳи низомӣ ҳамла карданд. Қабл аз ин ҳамла нируҳои Туркия дар задухӯрде 16 шӯришии Пи Кей Кей-ро ба қатл расонда буданд. Бад-ин тариқ шумораи кушташудагон ба 21 нафар расидааст.