Дар ҷараёни сафари кории раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Туркманистон ҳафт санади нави ҳамкориҳо ба имзо расидааст.
Дар ҷараёни сафари кории раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Туркманистон як бастаи созишҳои марбут ба тавсеа ё рушди ҳамкориҳои миёни Душанбеву Ашқобод ба имзо расиданд. Аммо коршиносон бо ишора ба таҷрибаи солҳои гузашта ва мавқеъгирии Узбакистон мегӯянд, тавсеаи воқеии ҳамкориҳо дар ҳоли ҳозир аз эҳтимол дур аст.
Рӯзи панҷшанбе, 23-юми август, раҳбарони Тоҷикистону Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар қасри Оғузхони шаҳри Ашқобод мулоқоти рӯ ба рӯ доир намуданд. Дар поёни ин мулоқоту музокироти расмӣ 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки ба ваҷҳи умум тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши иқтисод, илму фарҳанг ва маорифро дар бар гирифта, таҳкими ҳамкориҳои миёни бонкҳо, палатаҳои савдо, академияи улум ва дигар ниҳодҳои давлатии ду кишварро мадди назар доранд.
Ҳамчунон президенти Тоҷикистон ба баландтарин ҷоизаи Туркманистон ордени президенти ин кишвар - "Бетарафлик" сарфароз гашт. Дар солҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон Туркманистон яке аз таъминкунандагони аслии маводи сӯхт ба Тоҷикистон буд. Чандин ҳазор овораи тоҷик солҳои муқовимати шаҳрвандии миёни тоҷикон дар Туркманистон паноҳгоҳ ёфта буданд. Ин кишвар чанд даври музокироти сулҳи миёни тоҷиконро низ мизбонӣ кардааст.
Вале солҳои ахир бо сабабҳои новобаста ба Душанбеву Ашқобод ин ҳамкориҳо заифтар шудаанд. Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар солҳои навадуми асри гузашта сафири Тоҷикистон дар Туркманистон низ буд, гуфт, “воқеан дар солҳои навадуми қарни гузашта Туркманистон то 40-45 дарсади ниёзмандиҳои Тоҷикистон ба маводи сӯхтро таъмин мекард. Ҳоло чунин имкон нест. Дар миёни Тоҷикистону Туркманистон Узбакистон қарор дорад ва ин ба тавсеаи ҳамкориҳо кӯмак намерасонад. Чанд сол пеш мо мақсад доштем, ки аз Туркманистон гази табиӣ ҳам харидорӣ кунем, вале Тошканд ба он мувофиқат накард. Дар масъалаи сиёсӣ бошад, Туркманистон сиёсати бетарафиро пеш гирифта, дар созмонҳои минтақаӣ нақши бузурге надорад. Барои мо муҳим аст, ки бо як кишвари минтақа ва як ҳамсояи хуб равобити дӯстона дошта бошем.”
Солҳои гузашта ба вижа дар зимистони фавқулода сарди 2008-ум Узбакистон ба интиқоли нерӯи барқи Туркманистон тавассути шабакаи хатҳои барқаш иҷозат надода, баъдан хатҳояшро аз шабакаи дастаҷамъӣ берун кашид. Тоҷикистон чандин лоиҳаи интиқоли маводи сӯхту газ тавассути Афғонистонро ҳам мадди назар дорад, ки дар он Эрон ҳам ширкат меварзад, вале то кунун вазъи амниятии Афғонистон имкон надодааст, ки ҳамкориҳои минтақаӣ ба воситаи ин кишвар тавсеа ёбанд.
Ҳафтаи оянда, яъне аз 29-ум то 31-уми август президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ба Эрон сафар намуда, дар конфронси раҳбарони кишварҳои ҷунбиши адами тааҳҳуд иштирок мекунад. Ҷунбиши ёдшуда аз 120 кишвар иборат буда, бузургтарин гурӯҳ дар СММ-ро ташкил медиҳад. Бо ишора ба ҳузури 7000 мақоми баландпоя дар нишасти Теҳрон вазорати умури хориҷии Эрон мегӯяд, ин бузуртарин ҷамъомади байналмилалӣ дар таърихи Эрон хоҳад буд. Шореҳон мегӯянд, мақомоти Теҳрон саъй хоҳанд кард, ин ҷаласаро барои беҳбуд бахшидани ба истилоҳ имиҷаш истифода барад. Сафорати Тоҷикистон ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, дар ин сафар мулоқоти президенти Тоҷикистон бо ҳамтои эрониаш Маҳмуди Аҳмадинажод дар назар нест, вале аз он ҷое, ки ду кишвар ва раҳбарони Тоҷикистону Эрон муносибати дӯстона доранд, эҳтимол чунин вохӯрӣ доир шавад.