Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи ваъдааш даҳҳо корбарони Фейсбукро ба ҳузур пазируфт ва дар бораи ҳаводиси Хоруғ ҳам изҳори назар кард.
Сӯҳбати рӯ ба рӯ ва бемиёнрави Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, бо фаъолони шабакаи Фейсбук иқдоми нахустини як мансабдори баландпояи ҳукумати Тоҷикистон бо истифода аз фанновариҳои муосир буд. Худи ӯ дар оғози ин гуфтугӯи рӯ ба рӯ ба ин фанновариҳо баҳои духӯра дод.
"Дар Фейсбук саҳифаи худро кушодам ва дидаву дониста ба худ мушкил эҷод кардам. Бо кадом ҳадаф? Бо ҳадафе, ки Шумо бо ман робитаи мустақим дошта бошед. Барои мисол рӯирост ба ман гӯед, ки зердасти ту Аҳмадов ё фалонӣ бевиҷдон аст, дар вазифааш лоиқ нест, то ман ӯро ба зудӣ барканор кунам",-афзуд ӯ.
Дар ин мулоқот, сӯҳбат сари мавзӯъҳои муҳим ва мушкилоти пойтахти Тоҷикистон рафт. Толори мулоқот ба ду қисмат шуда, дар як сӯ фаъолони Фейсбук менишастанд ва дар тарафи дигар масъулони шаҳрдории Душанбе. Як тараф суол медоду эрод мегирифт ва тарафи дигар маҳкум ба ин буд, ки шарҳу посух диҳад. Шаҳрдори Душанбе, ки беш аз панҷ соат сари по истода, ба суолҳо посух медод, бархе аз танқиду пешниҳодҳоро қобили қабул меномид, ки ғолибан кӯчак буданд, аммо дар аксар маврид шарҳу пешниҳоди фаъолон дар шабакаи интеренетро нодуруст унвон мекард ва онҳоро дар ноогоҳӣ аз асли масъалаҳо муттаҳам менамуд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, дар мулоқоти як ба якаш бо тақрибан 200 корбари Фейсбук ҳаводиси Хоруғро ҳам шарҳ дода ва гуфт, ҳоло дар ин минтақа "таъмини ҳокимияти қонун" ҷараён дорад. Вай дар идома афзуд, он чи дар Хоруғ мегузарад, дар доираи қонун сурат мегирад. "Ҳамаи мо пеш аз ҳама бояд худро тоҷикистонӣ ҳисобем",-илова кард ӯ.
Шаҳрдори Душанбе дар интиҳои сӯҳбат гуфт, ҳар нафаре дар ҳар мавзӯи муҳими марбут ба пойтахт пешниҳоду дархосте дорад, аз тариқи Фейсбук ба ӯ муроҷиат кунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад