Ин дигаргуниҳо аз умқи сиёсатҳои дохилии кишварҳои минтақа ва иштибоҳу нокомиҳои ҳукуматҳо сар хоҳанд зад.
Муаллифони пажӯҳиши "Осиёи Марказӣ то соли 2020. Нигоҳ аз дарун" мегӯянд, ин минтақа дар арафаи таҳаввулоти муҳим қарор дорад ва пеш аз ҳама Тоҷикистон бо дигаргуниҳои ҷиддие рӯбарӯ хоҳад гашт. Бо вуҷуди ишора ба омилҳои беруна ва геополитикӣ, ҳайати даҳнафараи коршиносон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ҳадс мезанад, ки ин дигаргуниҳо аз умқи сиёсатҳои дохилии ин кишварҳо ва иштибоҳу нокомиҳои ҳукуматҳо сар хоҳанд зад.
Сайфулло Сафаров, муовини аввали Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, гузориши гурӯҳи таҳлилии “Алатау” воқеъбинона буда, "муносибатҳои этникӣ, авлодӣ, хешутаборгароӣ, суст будани фаъолияти вазоратхонаҳо”-ро омилҳои дохилие меномад, ки метавонад ба ошӯбҳои иҷтимоӣ кашонанд ва пайомадҳои фоҷеабор дошта бошанд. Вале ҷаноби Сафаров таъкид мекунад, ки дар ин гузориш таҳлилгарон ба омилҳои хориҷӣ низ ишора кардаанд, ки бо истифода аз вазъи бӯҳронӣ вориди амал мешаванд.
"Катализатор ё ангезандаҳои хориҷӣ ва омилҳои геополитикӣ ҳавасманди нотинҷ нигоҳ доштани кишварҳое ба мисли Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳастанд ва мехоҳанд аз ин кишварҳо истифода кунанд. Куштори Имомназар Имомназаров ва пайдо шудани "Гуруҳи-24" дар Маскав ҳам аз ҳамин амалҳо баршумурда мешавад, ки аллакай ин гурӯҳҳо нерӯи худро намоиш дода истодаанд. Аз ин рӯ, бояд ниҳодҳои амниятии кишвар тавонад, ки ин нерӯҳоро фош кунад ва аз ҳаёти сиёсии ҷомеаи кишвар хориҷ кунад, вагарна барои ҳукумат ва ҷомеа авоқиби нохуш хоҳад дошт",-афзуд ӯ.
Таҳлилгарони гурӯҳи “Алатау” пайдоиши чеҳра ва гурӯҳҳои нав ба нави мухолифи давлатро нишонаи он медонанд, ки ҳукумат захираҳои сиёсии худро ба поён расонда, ҷомеа аз амалкардҳои он шадидан ноқаноатманд ва хостори тағйиру навгониҳост. Дар ним соли охир чандин созмону гурӯҳ эълон карданд, ки пой бар арсаи сиёсии Тоҷикистон ниҳодаанд ва ҳадафи асосии онҳо тағйири осоиштаи ҳукумат дар интихоботи президентии соли оянда аст. Яке аз охирин ниҳодҳое, ки ба воситаи шабакаи телевизионии “Ка+” ултиматум гузошт, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон набояд дар интихоботи навбатӣ ширкат кунад, "Гурӯҳи-24" мебошад. Намояндаи он гуфт, ду созмони иҷтимоӣ ва се ҳизби сиёсӣ аз талабҳои он ҳимоят кардаанд.
Аммо муовини аввали Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Сайфулло Сафаров, ин гурӯҳҳоро низ як абзори қудратҳои хориҷӣ номид, ки ҳадаф дорад, давлатро ба ҳолати итоаткорӣ ва ниёзмандӣ дароварад. Иттиҳоме, ки раиси ҳаракати ҷадиди "Гурӯҳи 24" Умаралӣ Қувватов рад мекунад.
Вай дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз Маскав гуфт: "Ин ки мегӯянд, Маскав ба мо пул медиҳад ва аз мо пуштибонӣ мекунад, дурӯғ аст ва асосе надорад. Аслан мо бояд мардуми кишварро аз системаи авлодгароӣ, оилабозӣ дар ҳукумат озод кунем ва мутахассисони шоиста битавонанд озодона қонунҳоро бознигарӣ кунанд. Қонунҳои "прокуратура", "милиса", "амният" бознигарӣ карда шавад. Мардум битавонад худро дифоъ кунад, хонаву дари худро ҳимоят кунад. На ин ки як нафар маводи мухаддир дар хонааш биандозаду хонаву дарашро соҳиб шавад."
Ҷаноби Қувватов бори дигар таъкид кард, ки ширкати Раҳмон дар интихоботи оянда кишварро ба роҳи ғалат хоҳад бурд. Бархе аз коршиносон бар инанд, ки амалиёти ҳарбӣ дар Хоруғ, густариши бештари фасод ва камрангии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ барои гурӯҳу созмонҳои фурсатталаб шароити муносиберо пеш овардааст, то фишори худро бештару бештар кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки амалиёти Хоруғ шояд сангинтарин иқдоми ҳукумат дар 20 соли истиқлолияти кишвар аст ва ҳам вазъи иҷтимоиро наметавон дар кӯтоҳмуддат беҳбуд бахшид.
Ҷомеашиноси тоҷик, Ғаюр Қаҳҳоров, мегӯяд: "Шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум дар ҳоли ҳозир воқеан вазнин аст. Барои он вазнин аст, ки аз соли 2005-ум то соли 2012-ум, мо чаҳор маротиба гузориши таҳқиқотӣ дар мавриди роҳҳои ҷилавгирӣ аз фасоду ришва дар ниҳодҳои ҳукуматиро ба ҳукумат пешинҳод кардем, вале беҳбудиеро намебинем. Дар бораи барномаҳои ислоҳотӣ дар соҳаи иқтисодӣ ва тандурустиву маориф мешунавем ва ҳаракатеро дар ин роҳ мушоҳида намекунем."
Муаллифони пажӯҳиши "Осиёи Марказӣ то соли 2020. Нигоҳ аз дарун" гуфтаанд, чигунагии таҳаввулоти ояндаи кишварҳои минтақа ба хиради сиёсии раҳбарони ин кишварҳо бастагӣ хоҳад дошт. Ин таҳаввулот метавонад осоишта ва одилона бошад ва ҳам метавонад, хунину фоҷиабор.