Сарвазир Омурбек Бобанов дар нақзи пайвастаи шароити ташкили эътилоф айбдор мешавад.
Ба дунболи тасмими дирӯзаи ҳизби Оруномуси Феликс Қулов имрӯз ҳизби Ота-Макони Омурбек Текебоев ҳам эълон кард, ки аз эътилофи ҳоким канор меравад. Ин ду ҳизб сарвазир Омурбек Бобановро ба нақзи пайвастаи шароити ташкили эътилоф айбдор мекунанд. Сухангӯи эътилоф гуфт, бояд акнун тамоми аъзои кобина, бо шумули Бобанов, ба сурати автоматӣ то ташкил шудани эътилофи нав истеъфо диҳанд. Эътилофи ҳоким дар Қирғизистон моҳи декабр ташкил шуда, 4 фирқа аз 5 фирқаи парлумони Қирғизистон, ба истиснои Ота-Ҷуртро фаро мегирифт.
Қирғизистон танҳо кишвари Осиёи Марказист, ки ду сол боз ба низоми парлумонии раёсат гузаштааст ва кобинаи вазиронашро фирқаҳои парлумонӣ ташкил мекунанд. Кобинаи Омурбек Бобанов то кунун аз пуштибонии фирқаҳои Ота-Макон, Оруномус, Республика ва ҳизби сотсиал-демократ бархӯрдор буд. Вале ҳафтаи гузашта раҳбарони Ота-Макон ӯро айбдор карданд, ки дар ивази додани қарордоди давлатии сохтмони манора дар фурудгоҳи Манас аз як ширкати туркӣ як аспи арзишаш, ба гуфтаи онҳо, аз 500 000 то 1,5 миллион долларро «тӯҳфа» гирифтааст. Сухангӯи Бобанов ба дунбол изҳор дошт, ки сарвазир ин аспро бо пули худ харидааст ва нархаш ҳам он қадар баланд нест, ки Текебоев гумон мекунад.
Ба ҳар сурат, Ота-Макон ва Оруномус таҳдид карда буданд, ки масъалаи эълони нобоварӣ ба Омурбек Бобановро дар парлумон матраҳ хоҳанд кард. Таҳлилгари қирғиз Марс Сариев мегӯяд, бӯҳрони ҳукуматии пешомада рӯйдоде ғайриинтизор нест ва бештар ба муборизаи кланҳо барои касби мақомҳои калидӣ ва дастрасии бештар ба захоири давлатӣ бастагӣ мегирад.
- Ин ҳодисаи ғайричашмдошт нест, чунки сарвазир Бобанов бисёриҳоро қонеъ намекард, - мегӯяд ин таҳлилгар. - Пеш аз ҳама раҳбари Ота-Макон Омурбек Текебоевро. Бобанов дар ин авохир нуфузи зиёд пайдо кард ва баъди ҳамагӣ 8 моҳи кор бо далели нокомии иқтисодӣ барканор кардани ӯ, ба назари ман, танҳо як баҳона буд. Дар кобинаи ӯ бисёр курсиҳои калидӣ дар дасти намояндагони ҳамин Ота-Макону Оруномус буд ва фикр мекунам, инҷо масъалаи мубориза барои манобеъи сиёсӣ ва курсии муҳими сарвазирист. Ин ду ҳизб мехоҳанд соҳиби курсиҳои бештар, ба хусус дар бахши иқтисодии ҳукумат шаванд. Метавон гуфт, мубориза барои манобеъи сиёсӣ аст ин ҳама, ки идома дорад.
Озодӣ: Аммо имкони ташкили эътилофи нав дар шароити кунунӣ то куҷо воқеъист?
- Акнун машваратҳои сиёсӣ шурӯъ хоҳанд шуд. Ва шояд ибтидо талош кунанд, ки эътилофи навро аз ҳисоби фирқаҳои парлумонии Ота-Макону Оруномус ва ҳизби сотсиал-демократ ташкил диҳанд. Ота-Ҷурт аз оғоз мухолифи номзадии Бобанов буд ва гумон аст, ки ҳоло аз вай пуштибонӣ кунад. Республика ҳам акнун ба сафи мухолифин хоҳад пайваст ва ин ба маънои тақвият ёфтани суфуфи мухолифин хоҳад шуд. Се ҳизби дигар орои кофӣ доранд, ки эътилофи навро ташкил диҳанд.
Озодӣ: Аммо ин кобина дигар бидуни Омурбек Бобанов хоҳад буд?
- Бале, чунин хоҳад шуд. Бобанов то ташкили кобинаи нав кафили сарвазир боқӣ мемонад, вале ғолибан баъдан ба истеъфо фиристода хоҳад шуд. Ӯ бисёриҳоро қонеъ намекард, чунки бо схемаҳои маъмулӣ кор намекард. Аз Бобанов хоҳиш мешуд, ки бархе мақомҳои калидӣ ва «равғанӣ»-ро ба намяондагони кланҳои пурнуфуз супорад. Ӯ чунин муомилаҳоро радд мекард ва имрӯз посухашро гирифт. Дар Қирғизистон фарҳанги сиёсӣ чунин аст, ки сиёсатмадор бояд ба хотири ҳифзи худ дар саҳна бояд бо кланҳои мухталиф муросо кунад. Аз ҷумла тавассути ба намояндагони ин кланҳо ва гурӯҳҳои корпоративӣ супурдани мақомҳои калидӣ ва ба истилоҳ «равғанӣ».