Таронаи Пусси Райот дар торнамои додгоҳи Маскав

Дар Русия, рахнагарони номаълуми интернетӣ, торнамои додгоҳеро вайрон карданд, ки дар он овозхонҳои гурӯҳи Пусси Райотро ба ду соли зиндон маҳкум карданд. Онҳо дар торнамои додгоҳи Хамовники дар Маскав, шиорҳое ба тарафдории гурӯҳи Пусси Райот ва таронаи танқидии онҳо дар васфи раиси ҷумҳур Владимир Путинро гузошта ва суханҳои носазо ҳам гуфтаанд. Рӯзи ҷумъаи гузашта, додгоҳи Хамовникии Маскав, аъзои гурӯҳи Пусси Райотро бо гуноҳи авбошӣ дар заминаи адовати мазҳабӣ ба 2 соли зиндон маҳкум кард. Се духтар аз ин гурӯҳ моҳи феврали соли равон дар калисои ҷомеъи шаҳри Маскав як таронаи танқидӣ дар васфи Путинро иҷро карданд ва баъд аз он ба додгоҳ кашида шуданд.