Газ дубора дар шаҳр пайдо шуд, аммо бо нархи гарон

Қимати гази моеъ, ки дубора дар фурӯш пайдо шудааст, бо арзиши 20 % гаронтар пешниҳод мешавад.
Дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, гази моеъ бо қимати баландтар назар ба рӯзҳои гузашта пешниҳод шуда, то 2,8-3 сомонӣ баланд шудааст.

Масалан, дар пештоқи нуқтаи газфурӯшии «Қараболо», ки аслан аз ҷониби «Газпромнефт» таъмин мешавад, субҳи имрӯз нархи як литр гази моеъ ба 2 сомониву 80 дирам баробар буд. Ҳанӯз чанд рӯз пеш қимати ҳамин андоза гази моеъ дар ҳудуди 2,3-2,5 сомонӣ пешниҳод мешуд.

Дафтари матбуоти «Газпромнефт-Тоҷикистон" рӯзи 21 август ба радиои Озодӣ гуфт, ки яке аз сабабҳои болоравии нархи газ камбуди ворид кардани гази моеъ ба Тоҷикистон мебошад. Зеро ин навъи сӯзишворӣ ба далели кам будан дар кишварҳои истеҳсолкунанда, кампайдо шудааст.

Ширкатҳои умдаи воридкунандаи гази моеъ ба Душанбе ва атрофи он намояндагии «Газпром»-и Русия, «Фароз» ва қисман «Умед» ҳастанд, ки асосан онро аз Қазоқистон ворид мекунанд.

Вале ронандаи таксӣ дар Душанбе Раҳматулло Саидов гуфт, ки қатъ шудани гази моеъ ва имрӯз бо нархи гаронтар пешкаш шудани он як «бозӣ»-и ширкатҳои воридкунандаи ин маҳсулот мебошад.

Дар ҳамин ҳол ба қавли сокинони Хуҷанд, қиммати газ дар нуқтаҳои фурӯши онҷо низ аз 2 сомониву 30 дирам ба 3 сомонӣ расидааст.

Ҳоло ширкатҳои дигари воридкунандаи нафту газ дар нуқтаҳои газфӯрӯшӣ гази худро бо қимати 3 сомонӣ пешкаш кардаанд.