Иддаъои Ню Йорк Таймс дар бораи кӯмаки Ироқ ба Эрон

Бино ба гузориши як рӯзномаи амрикоӣ, Ироқ ба Эрон кӯмак мекунад, бо роҳҳое таъсири таҳримоти иқтисодӣ алайҳи барномаҳои атомиашро кам кунад. Рӯзномаи “The New York Times” рӯзи шанбе навишт, ки Ироқ бо истифода аз муассисаҳои молиаш ва муомилоти ғайриқонунии нафт, Эронро бо арзи хориҷӣ таъмин мекунад. Ба гуфтаи ин рӯзнома дар баъзе маворид, мақомоти ироқӣ тиҷоратҳои ғайриқонунӣ бо Эронро нодида мегиранд ва баъзе аз онҳо аз ин муомилот суд ба даст меоранд. Рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” аз қавли мақомоти Амрико, Ироқ ва коршиносони бонкиву нафтӣ навиштааст, ки муассисаҳои Эронӣ дасти кам лаҷоми чаҳор бонки тиҷоратии Ироқро ба даст гирифта ва аз тариқи онҳо ба системаи байналмилалии бонкӣ роҳ ёфтаанд, ки бинобар таҳримҳои иқтисодӣ Эронро аз дастрасӣ ба ин система маҳрум кардаанд.