Ҳарчанд аз соли 2000-ум ба ин сӯ дар бахши ихтироъҳои илмӣ ва техникии Тоҷикистон пешравиҳое ба мушоҳида расидааст, аммо аксари ин кашфиёт дар рӯйи қоғаз монда, мавриди истифода қарор нагирифтаанд.
Саидмурод Исмоилов, донишҷӯйи соли 5-уми Донишгоҳи техникӣ, низ 3 сол пеш барои истеҳсоли биосӯзишворӣ аз партоб, аз маркази иттилоотӣ ва патентии кишвар иҷозатнома гирифтааст. Ба гуфтаи Саидмурод, дар ҳоле ки захираҳои нафту газ дар ҷаҳон кам мешаваду нархи сӯзишворӣ боло меравад, истифода аз роҳҳои алтернативӣ муҳим аст. Ин ҷавони ихтироъкор иддао дорад, ки дар сурати дар саноат истифода шудани биосӯзишворӣ аз партоб, Тоҷикистон дигар ба камбуди маводи сӯхт рӯбарӯ нахоҳад шуд. Аммо бо гузашти 3 сол ба гуфтаи Саидмурод касе ва ё корхонае нахостааст, аз кашфиёти ӯ истифода кунад.
"Ин сӯзишвориро мешавад дар бархе аз тамғаи мошинҳо ва дар дигар мошинҳо мешавад дар омехтагӣ бо бензини оддӣ истифода бурд. Лоиҳа ҳам таҳия кардем, пешниҳод ҳам кардем, вале дастгирӣ наёфтем. Албатта, роҳҳои ҳосил кардани биосӯзишворӣ зиёд аст, аммо биосӯзишвории мо аз партобҳои дастрас, партоби канализатсионӣ ҳосил мешавад ва самаранокиаш хеле баланд аст. Масалан, ҳамасола барои нест кардани партобҳо ҳукумат миллионҳо сарф мекунад. Аммо агар истеҳсоли биосӯзишворӣ роҳандозӣ шавад, маблағ сарфа мешавад ва ҳам он партоб ба давлат манфиат меорад",-мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.
Орзуи ҳар як ихтироъкор ин аст, ки кашфиёти худро дар амал бинад, аммо Қурбонхон Кабудов, номзади илмҳои техникӣ ва корманди маркази иттилоотӣ ва патентӣ, мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон ягон ихтироъ дар амал татбиқ намешавад, зеро корхонаи истеҳсолӣ нест ва имкони роҳандозии истеҳсолот низ вуҷуд надоранд.