Тамоюли даст кашидани фарзандон аз волидайн
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тамоюли даъвои волидону фарзандон бар сари манзил дар ҷомеъаи Тоҷикистон батозагӣ мушоҳида шуд. Даъвои хонаву дар маъмулан наздиктарин инсонҳоро аз ҳам бегона мекунад. Дар гузаштаи начандон дур даъвои фарзанд бар сари моликияти волидон боиси шармандагӣ ва ангуштнамошудани фарзандон буд. Аммо ҷомеъашиносон мегӯянд, ки тарзи фикри тоҷикон дигар шудааст ва ин дигаргунӣ хеле босуръат пеш меравад.Ҳоло бовуҷуди суннатҳои миллӣ, ки нигоҳубини волидони пирро аз вазифаҳои аслии фарзандон медонад, фарзандон аз ғамхорӣ ба волидон шона холӣ мекунанд ва бори падару модари пиршудаи худро бар дӯши давлат мегузоранд.