Тамоюли даъвои волидону фарзандон бар сари манзил дар ҷомеъаи Тоҷикистон батозагӣ мушоҳида шудааст.
Даъвои хонаву дар маъмулан наздиктарин инсонҳоро аз ҳам бегона мекунад. Дар гузаштаи начандон дур даъвои фарзанд бар сари моликияти волидон боиси шармандагӣ ва ангуштнамошудани фарзандон буд. Аммо ҷомеъашиносон мегӯянд, ки тарзи фикри тоҷикон дигар шудааст ва ин дигаргунӣ хеле босуръат пеш меравад.
Ҳоло бовуҷуди суннатҳои миллӣ, ки нигоҳубини волидони пирро аз вазифаҳои аслии фарзандон медонад, фарзандон аз ғамхорӣ ба волидон шона холӣ мекунанд ва бори падару модари пиршудаи худро бар дӯши давлат мегузоранд. Се хонаи пиронсолони мавҷуд дар кишвар лабрези пирони «бесоҳиб» шудааст. Онҳое, ки дар ин манзилҳо ҷой наёфтаанд, ногузир дар кӯчаву бозор талбандагӣ мекунанд.
Бо шароити иқтисодие, ки дар кишвар вуҷуд дорад, ҳукумати Тоҷикистон наметавонад зиндагии серу пури шаҳрвандони пиршудаашро таъмин кунад. Маоши ҳади ақал дар кишвар дар моҳ 120 сомонӣ аст, ки ҳатто барои харидории маводи аввалиндараҷа кифоят намекунад. Таҳлилгарон мегӯянд, арзишҳои мазҳабиянд, ки то ҳол бахши бузурги пиронро дар амну осоиштагӣ нигоҳ медоранд, вагарна теъдоди кампиру муйсафедҳои талабанда бештар мебуд. Дини ислом беэътиноӣ нисбати волидонро маҳкум мекунад ва беҳруматии онҳоро гуноҳ.
Ба гуфтаи ҷомеъашиносон, решаи аслии тамоюли нохуби даст кашидан аз волидон дар муҳоҷирати корӣ нуҳуфтааст. Ба гуфтаи онҳо, пирӯзии арзишҳои моддӣ бар маънавӣ шеваи суннатии зиндагӣ тоҷиконро рахнадор кардааст. Роҳи ягонаи берунрафт аз ин бунбастро ҷомеъашиносон дар истифодаи дастгоҳҳои таблиғотӣ, институтҳои қадимие мисли афроди бонуфузи маҳалла ва диндорону олимон мебинанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад