Президент Раҳмон аз паёмади ҷанги дохилӣ ёдоварӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон пас аз нооромиҳои Бадахшон дар як паёми телевизионӣ оқибатҳои ҷанги дохилиро хотиррасон намуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар паёми табрикии худ ба муносибати Иди Фитр, ки аз тариқи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон пахш шуд, бори дигар аз паёмадҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ёдоварӣ кард. Дар ин паёми ӯ, ки баъд аз ҳаводиси Хоруғ садо медод, ки гуфт, "як бор ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронида, оқибату паёмадҳои фоҷиабори онро дидем ва хуб дар ёд дорем, ки ин рӯйдоди даҳшатнок кишвари моро даҳсолаҳо ба ақиб бурд..."

Таҳлилгарони умури сиёсӣ низ мегӯянд, ин ишораҳои президент Раҳмон ғайримустақим ба нооромиҳои Бадахшон рабт дорад, ки пас аз куштори генерал Абдулло Назаров дар нимаи дувуми моҳи июли соли ҷорӣ сар зад.

Ҷаноби Раҳмон ҳамчунин аз мардум даъват кардааст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, зеро, ба гуфтаи ӯ, на ҳама нисбат ба давлати Тоҷикистон ниятҳои нек доранд: "Амнияту оромӣ, ризоияти шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи саросарӣ бар ивази чӣ қадар талафоту хисороти ҷониву молӣ ба даст омадааст."

Ӯ бо ёдоварӣ аз ҳодисаҳои солҳои 90-уми Тоҷикистон афзуд, "мо дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта як бор поймол шудани Конститутсия ва қонунҳоро дидем ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем, ки ин амал ба чӣ оқибатҳои даҳшатовар боис гардид."

Эмомалӣ Раҳмон дар табрикномаи худ дини исломро ҳамчун мазҳаби ибодату тақво, инсофу адолат, сулҳу амният ва ахлоқи ҳамида шарҳ дода, таъкид мекунад, ки ислом ҳама гуна аъмоли зишту носавоб, зулму ситам, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум намуда, хилофи терроризм ва экстремизм мебошад.

Зимни паёми табрикии худ, раиси ҷумҳур аз соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша даъват кардааст, ки ба оилаҳои камбизоат ва шахсони эҳтиёҷманд кӯмакҳо расонанд.