Рӯзи Қудс ва рӯзи эълони ҳукми “Pussy Riot”

Тазоҳурот ба тарафдории “Pussy Riot” дар Бритониё

Имрӯз, 17 август, интизор меравад, додгоҳи Маскав ҳукми аъзои гурӯҳи “Pussy Riot”-ро эълон кунад. Имрӯз вазири хориҷаи Фаронса Лоран Фабиус ба Туркия сафар хоҳад кард. Имрӯз дар Эрон дар Рӯзи Қудс, ки рӯзи ҳамбастагӣ бо фаластиниҳост, бо ҳимояти давлат раҳпаймоиҳо доир хоҳанд шуд. Индонезия имрӯз аз иди истиқлолаш таҷлил мекунад. 17 августи соли 1988 раисиҷумҳури вақти Покистон Зиёулҳақ дар як сониҳаи ҳавоӣ ба ҳалокат расид. 17 августи соли 1998 қурби рубли Русия ба шиддат поён рафта, бозорҳои молиро ба ҳам зад. Ва имрӯз овозхони маъруфи Озарбойҷон ва Иттиҳоди Шӯравӣ Муслим Магомаев(агар умр вафояш мекард) ба синни 70 мерасид.