Имрӯз, 16-уми август дар шаҳри Душанбе, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бахшида ба натиҷагирии ширкати варзишгарони тоҷик дар Олимпиади Лондон баргузор шуд.
Дар ин нишаст раҳбарону масъулини ташкилотҳои варзишӣ, федератсияҳои миллӣ, аъзои дастаи мунтахаби олимпии кишвар ва намояндагони расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ ширкат доштанд.
Нахуст Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон муовини аввали раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар дар бораи натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ХХХ тобистонаи олимпӣ иттилоъ дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, “Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Лондон -2012 шонздаҳ варзишгар дар ҳафт риштаи варзиш намояндагӣ карданд. Мо як медали олимпӣ ба даст овардем. Ин медалро муштзан Мавзуна Чориева соҳиб гашт ва ин чаҳорумин медали намояндагони Тоҷикистон дар замони истиқлолияти кишвар аст.”
Баъдан ҷаноби Неъматов натиҷаи ба даст овардаи ҳар як варзишгарро таҳлил намуд, сабабҳои номуваффақии онҳоро шарҳ ва дар бораи нақшаҳои ояндаи соҳа тавзеҳ дод.
Раҳбари соҳаи варзиши кишвар аз намояндагони расонаҳои хабарӣ, минҷумла Радиои Озодӣ барои иттилооти фаврӣ аз ҷараёни мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон изҳори сипос намуд.
Дар ин нишаст Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон суханронӣ кард. Ӯ қабл аз ҳама ба мардуми тоҷик ва онҳое, ки дар ҷараёни ин бозиҳо ӯро мухлисӣ карданд, ташаккур гуфт. Вай афзуд, «ширкат дар Олимпиада ин орзуи деринаи ман буд, ин орзуи падари ман буд. Ва ман хурсандам, ки ҳунари худро нишон додам. Ман бовар дорам, ин бародароне, ки ҳамроҳи ман дар Олимпиада буданд, дар оянда боз аз ман зӯртар иштирок мекунанд ва натиҷаҳои баланд ба даст меоранд.»
Инчунин Расул Боқиев, паҳлавони маъруфи тоҷик, ки дар Бозиҳои Лондон бо ду пирӯзияш мақоми ҳафтумро касб кард, дар бораи нақшаҳои ояндаи худ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Вай гуфт, “дар пеш чемпионати ҷаҳон, баъди ду сол Бозиҳои осиёӣ ва соли 2016-ум Бозиҳои олимпӣ баргузор мешаванд. Мақсад дорам, ки дар ин мусобиқот иштирок кунам ва пирӯз шавам, орзуи падарамро амалӣ намоям, вале агар ин кор нашуд, кӯшиш мекунам, ки шогирдонам ба ин мақсади мо расанд.”
Дар ин нишаст пешниҳодоте, ки аз ҷониби коршиносону мутахассисони соҳа дар расонаҳои хабарӣ дар бастагӣ ба истеъфои маъулони соҳа, раҳбарони федератсияҳои дахлдори варзишӣ ва мураббиёни дастаҳои мунтахаби кишвар барои натоиҷи ғайриқаноатбахши варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон-2012 нашр шуда буд, ёдрас карда шуд. Вале касе аз онҳо дар ин бора изҳори назар накард ва хомӯширо ихтиёр намуданд.
Танҳо Маликшо Неъматов иброз дошт, ки вай се вазифа дорад ва ӯро аз мақоми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон танҳо раисиҷумҳур метавонад барканор кунад. Ба фаъолияти ӯ ҳамчун ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон танҳо Ассамблеяи ин кумита баҳогузорӣ хоҳад кард. Ӯро ба ҳайси раиси Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон аъзои ин федератсия интихоб кардаанд ва минбаъд дар ин вазифа кор кардани ӯ ба салоҳдиди онҳост.
Ҳамин тариқ, дар Тоҷикистон бо хоҳиши худ ба истеъфо рафтан ҳанӯз роиҷ нашудааст.
Ба гуфтаи Маликшоҳ Неъматов, натоиҷи ширкати варзишгарони тоҷик дар Ассамблеяи Кумитаи миллии олимпии кишвар баррасӣ ва баҳогузорӣ хоҳад шуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад