Бар асари бархӯрди худрави писари мушовири президент оид ба сиёсати хориҷӣ бо мошини як сокини Душанбе, ахири дар бемористон фавтидааст.
Як манбаъ дар Раёсати Бозрасии Автомобилии пойтахт ба “Озодӣ” гуфт, ин ҳодиса шоми 14-уми август дар кӯчаи Шестопалови пойтахт ба вуқуъ пайвастааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, бар асари бархӯрди худрави навъи “Лексус”-и Ораз Раҳматуллоев – писари Эркин Раҳматуллоев, мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ бо сабукрави тамғаи “Опел”- Неъмат Раҳматови 55-сола, сокини кӯчаи Лоиқ Шералии пойтахт, ахирӣ дар бемористони Қаряи Боло ҷон додааст.
Маросими ҷанозаи ронандаи “Опел” рӯзи гузашта баргузор шуда ва ӯ дар гӯристони Сариосиёи Душанбе ба хок супорида шудааст.
Ин аввалин садамаи нақлиётие нест, ки бо ширкати наздикони афроди боломақом сурат мегирад.
Рӯзи 3-юми майи соли ҷорӣ писари 21-солаи раиси ҲНИТ бо мошини тамғаи "Тайота Кемрӣ" дар канори деҳаи Андигони ноҳияи Ваҳдат Муҳиддин Ортиқов, сокини 12-солаи деҳаи мазкурро сахт маҷрӯҳ кард, ки ахирӣ дертар дар бемористон фавтид. Муҳаммади Тиллозода бо пардохти 40 ҳазор сомонӣ аз зиндон раҳо шуд.
Дар як соли пеш фарзанди 24 солаи Нусратулоҳ Абдуллоев, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон бар асари як садами ронандагӣ, корманди як ширкати роҳсозии Чинро кушта буд. Фарҳод Абдуллоев, бо ҳукми додгоҳ панҷ сол равонаи зиндон шуд ва бар асоси қонуни афви соли 2011 аз ҷазо озод шуд.
Дар соли 2008 Бобур Азимов, фарзанди Амирқул Азимов, дабири собиқи Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар як садамаи ронандагӣ як нафаро ба ҳалокат расонда буд. Ӯ низ бар тибқи моддаи 212 қонуни ҷиноии Тоҷикистон панҷ сол равонаи зиндон шуда, се соли баъд аз зиндон раҳо ва аз ҳаққи ронандгӣ маҳрум карда шуд. Бобур Азимов замони рух додани ҳодиса ба ҳайси муфаттиши додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ифои вазифа менамуд.