Фармони президенти Тоҷикистон дар бораи зиёд шудани маош, кормандони буҷавиро хурсанд кард, вале ин шодии онҳо омехта бо эҳтиёт аст.
Зери таъсири эълонҳое, ки буҷаи кишвар ҳоли хубе надорад ва бо ин сабаб андоз на кам, балки бештар мешавад.
Омӯзгори собиқадори яке аз мактабҳои Душанбе Сайбӣ Назарова мегӯяд, ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон вай огоҳ аст, ки буҷаи кишвар наметавонад вазни чунин афзоиши маошро бардорад, аммо меафзояд: “Нияти хайр ними давлат аст.”
Аммо Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, заминаҳои иҷрои фармони президент мавҷуданд ва ин маблағ бо такя ба сармояҳои «бақияи озод», яъне даромадҳои иловагӣ ва пешбининашуда аз ҳисоби бахшҳои гумрукӣ ва андоз, омода гаштааст.
Барои татбиқи фармони президент, яъне боло бурдани музди кори кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ 233 млн.сомонӣ ва барои пардохти стипендияҳои давлатӣ 4,4 миллион сомонӣ ва барои пардохти ҳамаи намуди нафақа ва кӯмакпулиҳо зиёда аз 70 млн сомонӣ маблағ зарурат доштааст ва дар маҷмӯъ ниёз ба зиёда аз 304 миллион сомонӣ мебошад.
Як намояндаи баландпояи Вазорати молия гуфт, ки ҳанӯз 6 моҳ пеш, ин идора дар якҷоягӣ бо мутахассисони Бонки миллӣ манбаъҳои асосии маблағи заруриро ҳисобу китоб кардаанд.
Агар фармони шумораи 1313-и президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 13-уми август нашр шуд, иҷро шавад, моҳонаи фаразан, як омӯзгори дараҷаи олӣ, ки ҳоло ба ҳисоби миёна 312 сомонист, пас аз 1 сентябри соли ҷорӣ он ба 500 сомонӣ хоҳад расид. Дар соҳаҳои дигар низ тақрибан ба ҳамин андоза маоши кормандони буҷавӣ афзун мешавад.
Ақидае мавҷуд аст, ки риштаи маориф пойдевори ояндаи ҷомеа буда, афзоиши маош ва решакан кардани фасод аз ин ҷо шурӯъ мешавад. Саодат Сайфиддинова, сардори Раёсати буҷа ва ояндабинии Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ки 500 сомонӣ афзоиш дода шудани музди омӯзгори дараҷаи аввал, яъне ба сурати умум ба ин андоза афзоиш додани музди корӣ нокифоя аст, аммо ин иқдоми дар шароити имрӯза муҳим мебошад.
«Хуб ин кифоя намекунад, лекин оё ин маблағи ҷудошуда барои пардохти омӯзгорон тибқи музди кории нав мерасад ё не ҳоло иқдоми афзоиш додани музди кор ба ҳамин хотир гирифта шудааст. Ва дар давраи миёнамӯҳлат кӯшиш ба харҷ меравад, ки ҳаҷми маоши кормандони соҳаи маъориф ба кормандони соҳаи сагноат ,ки ба 800 сомонӣ мебошад, баробар карда хоҳад шуд.»
Аммо хонум Сайфиддинова иқрор мекунад, ки ҳамаи таҳаввулот ба вазъи буҷа бастагӣ хоҳад дошт. Ин ҳам дар ҳолест, ки буҷаи соли 2012 бо касри 180 миллион сомонӣ ба тасвиб расида буд.
Таҳлилгари масоили иҷтимоии Маркази стротегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Саидов бар ин аст, ки агар ҳукумати Тоҷикистон натавонад дар оянда кормандони соҳаи буҷавиро бо музде ки таъйин кардааст пардозад, ин сиёсати иқтисодии ҳукуматро куллан зери суол хоҳад рафт: «Дар ин масъала ягон
проблема ба вуҷуд нахоҳад омад ва давлат муваззаф аст, ки ин маблағро ба омӯзгорон ва табибон пардозад. Агар ин корро накунад, сиёсати давлат дар нисбати музди меҳнат халал меёбад.»
Ба ин тартиб дуюним маротиба афзоиш ёфтани ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат дар пасманзари болоровии рӯзафзуни нархҳо дар кишвар суолу шубҳаҳоро вуҷуд овардааст. Ҳарчанд ин нукта ҳам эътироф мешавад, ки дар кишвар кам касон ба умеди моҳона зиндагӣ мекунанд ва рӯзгори онҳоро асосан пули муҷоҳирони корӣ ё тиҷорати бобарор таъмин менамояд.
Коршиноси масоили иқтисодӣ Ҳаким Давронов мегӯяд: «Маълум аст, ки музди корӣ ба зиндагии мардум намерасад ва мардум ҳам танҳо бо музди корӣ зиндагӣ надорад, вале масъала ин аст, мутаассифона дар бозорҳои дохили равандаи гароншавӣ идома дорад. Масалан, орд 50 фоиз гарон шудааст. Агар болоравии нархҳо ҳамчунон идома кунад ,кормандони буҷавӣ зиёд шудани маоши худро эҳсос нахонад кард».
Дар ҳоли ҳозир ҳадди ақалли музд дар корхонаву муасисаҳои Тоҷикистон ба 80 сомонӣ, баробар аст. Аммо бо афзоиш додани музди кор дар моҳи сентябр, ин маблағ ба 200 сомонӣ ё ба бештар аз 40 доллар баробар хоҳад шуд.