Оғози нишасти кишварҳои исломӣ дар Риёз

Подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ нишасти Конфаронси давлатҳои исломиро бо даъват ба ваҳдати мусалмонон ифтитоҳ кард. Интизор меравад, нишасти Риёз рӯи буҳрони Сурия тамаркуз кунад. Вазирони хориҷии созмон қаблан хостори аз узвияти ин иттиҳодияи 57 кишвари мусалмонӣ хориҷ кардани Димишқ шуданд. Раисиҷумҳури Тунис Мунсиф Марзуқӣ аз аҳли нишаст иқдоми шадид алайҳи Сурияро тақозо кард. Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар нишаст дар канори амир Абдуллоҳ нишаста буд, ки таҳлилгарон як гоми мусолиҳаҷӯёна арзёбиаш мекунанд. Саудия дар низоъи Сурия аз чирикиҳо, вале Эрон аз режими Башор Асад ҳимоят мекунанд.