Истеъфои қозие, ки ба рӯяш кислота пошиданд

Қозии додгоҳи Исфара, ки як сокини маҳаллӣ ба нишони эътироз ба рӯяш кислота пошида буд, истеъфо додааст. Хабаргузории “Регнум” аз қавли муовини раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон Амирхон Исҳоқов хабар дод, ки Абдуҳамид Давронов “бо хоҳиши худ ба далели вазъи саломатиаш” ариза навиштааст.
Моҳе пеш Зиёуддин Ҷӯраеви 77-сола баъди чанд соли баҳси манзил ба рӯи Давронов кислота пошид, ки вакилони мудофеъ ин эътирозро аломати ноумедии мардум аз расидан ба адолат дар низоми додгоҳии Тоҷикистон номиданд. Вакили Ҷӯраев мегӯяд, ходимони додгоҳи Исфара муваккили ӯро баъди боздошт чунон лат кардаанд, ки қабурғаҳояш шикастаанд.