Тамоми муҷаввизҳои "Узбунробита" лағв шуд

Додгоҳи иқтисодии Тошканд бо дархости мақомоти Узбакистон кулли муҷаввизҳои фаъолияти “Уздунробита” - бузургтарин ширкати телефонҳои мобили ин кишварро лағв кард. Ин бахши узбакистонии ширкати русии МТС ҳамчунин хабар дод, ки натоиҷи бозрасии молиётии фаъолиятҳояшро низ дастрас кардааст, ки пардохти 900 миллион долларро тақозо мекунад. “Уздунробита” қабл аз айбдор шуданаш ба хилофкорӣ ва ҷиноёти дигари молӣ дар моҳи июл 40 дарсади бозори Узбакистонро дар даст дошт. Михаэл Ҳекер – ноиби раҳбари МТС мурофиаи додгоҳро “20 дақиқа шоу” номид ва гуфт, аз онҳо пардохтани пули баробари арзиши ширкатро тақозо доранд, ки давлат ба сурати муфт мусодирааш кунад.”