Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ, ҳаҷвнигори зиндаёди тоҷикро, боре яке аз хешовандонаш барои номгузорӣ ба тифли навзод ба манзилаш даъват мекунад.
Баъд аз зиёфату холӣ шудани ду шиша арақ маросими номгузорӣ шурӯъ мешавад ва соҳиби хона мегӯяд, ки чун духтараш дар рӯзи ид ба дунё омадааст, бояд ба ӯ номи сазовор гузоранд.
- Хайр, дар ид таваллуд шуда бошад, номаш бояд Идигул бошад-да...
- Не, - розӣ намешавад соҳиби хона, - духтари аммаи рафиқ занак Идигул ном дорад...
- Идимоҳ чӣ, номи хуб аст, ба фикрам...
- Э, ин ном ҳам забонзада ва он қадар маъқул не... –эътироз мекунад падари тифли навзод.
- Идирӯз чӣ... ҳа, не, ин хел ном нест,- пушти сар хорида мегӯяд Аҳмадшоҳ, Идгардак ҳам, ба фикрам, ба шумо маъқул намешавад-а...
- Конешна, маъқул намешавад, - садо баланд мекунад модари тифли навзод, - ин ном не-ку... Баъд, духтарама ҳама “як гардак” гуфта масхара кунанд-мӣ...
- Хайр, як номи баҷоии дигар ҳам дорам, лекин маъқул мешуда бошад? –андешамандона мегӯяд Аҳмадшоҳ.
- Чӣ ном? – бо як овоз мепурсанд волидайни навзод
- Идикчёрту!- бо виқор посух медиҳад ӯ.