Шодӣ Солеҳов: “Хандаи талхи ман аз гиря ғамангезтар аст”

Шодӣ Солеҳов баъд аз нокомии барномаи ҳаҷвии “Гӯем ё нагӯем?” роҳи телевизионро “фаромӯш” кард.
Ҳунарманди маъруф мегӯяд, ки чун раҳбарони кумитаи садову симо ба ин барномаи ҳаҷвӣ таваҷҷуҳ надоштанд, ӯ ҳам барои идомаи он пойфишорӣ ва “хирагӣ” накард. Шодӣ Солеҳов ҳоло дар театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов нақшҳо, аз ҷумла, нақшҳои ҳаҷвӣ, меофарад, намоишнома рӯи саҳна мегузорад ва аммо бештар рӯи эҷоди саҳнаву намоишнома тамаркуз мекунад. Дар ибтидои сӯҳбат хабарнигори “Корвони ханда” аз ӯ пурсид, ки дар бораи ҳаҷви имрӯз ва завқи мардум чӣ назар дорад?

-Хандаи талхи ман аз гиря ғамангезтар аст
Корам аз гиря гузаштаст бар он механдам
.

Ба фикрам, гап дар сари завқ аст. Ман намедонам, шояд муҳит ба ин созгор нест ё сабаби дигар аст, ки завқи мардум дигар шудааст... Аз устод Зафар Нозим боре суол карданд, ки мухлисонат куҷо шуданд? Ҷавоб медиҳад, ки “мухлисонам баробари ман пир шуданд”... Шояд мухлисҳои мо ҳам баробари мо пир шуда бошанд. Саҳнаҳои ҳаҷвиро дар телевизиону дар консертҳо мебинам, аммо хандаам намеояд ва на барои он ки “чаро онҳо баромад мекунанду ман не”... Не, барои он ки ҳаҷв дигар шудааст, завқи мардум дигар шудааст. Барои як чизҳое механданд, ки агар ман ҳамчун мухлис дар толор шишта бошам ё ҳамчун шунаванда гӯш карда истода бошам, гиряам меояд, на ханда! Он завқе, ки мардум нисбати театру санъат доштанд, аз байн рафта истодааст.

-Аммо дар ҳамон намоиши ҳаҷвии “Гӯем ё нагӯем”, шумо ҳамон ҳаҷвнигорони ҷавонро ҳам, ки имрӯз дар саҳнаанд ва шояд боиси коҳиши завқи мардум шудаанд, ҷалб мекардед...

-Бале, бо ҳамон ҷавонҳо кор мекардем ва корамон хело хуб ҳам буд, мо онҳоро ҷалб мекардем, бо ҳамон саҳнаҳои ҳаҷвӣ ба сафарҳои ҳунарӣ мерафтем. Ва аммо ин ҳама бо қатъи намоиши Гӯем ё нагӯем аз байн рафт...

-Баъзеҳо мегӯянд, ки шояд ҳамин гурӯҳҳои навбаромади ҳаҷвӣ боиси коҳиши завқи мардум шудаанд?

-Ман, рости гап, дар бораи он гурӯҳҳо ягон чиз намегӯям, чунки ҳар як ҳунарпеша мухлисҳои худро дорад. Шояд аз назари мухлисонашон аз ин ҳаҷвнигорон дида беҳтар ҳунарпешае набошад. Имрӯз мардум ба ҳамонҳо таваҷҷуҳ дорад, дар тӯйҳо, ҷамъомадҳо дар маъракаҳои ҳукуматӣ ҳамонҳоро даъват мекунанд. Бори дигар мегӯям, ки гап сари завқ меравад. Имрӯз, ки завқи мо дар ҳамин сатҳ бошад, дигар чӣ ҷои гап аст?

-Агар имкони таъсиси театрро медоштед, чӣ гуна театр ташкил мекардем ва кадоме аз он ҷавонҳоро кор даъват мекардед?

-Ман ба ташкили театре, ки мехостам, сад афсус, муваффақ нашудам. Ҳарчанд кӯшиш ҳам кардам, нашуд, ҳамон ҷавонҳое, ки ҳоло рӯи саҳна ҳунарнамоӣ мекунанд, бо мо буданд. Вале ман натавонистам, ки онро ҷалб кунам, ба он хотир, ки... боз ҳам гап сари завқ меравад. Шояд фаҳмиши ман нисбати ҳаҷву ҳаҷвнигорӣ маъқули онҳо набуд, ё шояд ман хело қафомондаам ё коргардонии ман ба онҳо писанд нест... Вале аз он ки театр ташкил нашуд, ғам намехӯрам, чунки корам хело зиёд аст ва дар ҳамин ҳавои 45 дараҷа гарм нишаста нависонавис доштам, ки шумо занг задед... Ҳоло рӯи як намоишнома кор мекунам бо номи “То реша дар об аст...” Яъне, то реша дар об аст, ман рӯҳафтода намешавам, Худо қуввату дармон диҳад, ман барои дили худам, барои фарзандҳои худам, барои дӯстҳое, ки як вақт маро ёд кунанд, баъзе чизҳо навишта истодаам... Шукри Худо, то имрӯз ягон асарам дар канор намондааст, 27 асар навиштаам, қариб ки ҳамааш рӯи саҳна омаданд... Аз чизе, ки муваффақ нашудам, афсӯс намехӯрам, чунки вақти афсӯс хӯрдан надорам. Қалам дорам, чашмам мебинад ва қоғаз пешам ҳаст, шукри Худо, ки рӯшанӣ ҳам дорем, шишта менависам..

- “То реша дар об аст” ин чӣ гуна намоишнома аст?

-Ин як намоишномаи мукаммал аст дар бораи маризии СПИД... Онро пештар навишта ба вазорати фарҳанг дода будам. Чанде пеш онро баргардонданд ва гуфтанд, ки дар бораи маризии СПИД як барномаи ҳукуматӣ қабул шудааст, асарро мукаммал кунед... Иншоолоҳ, то охирҳои моҳи август онро тамом мекунам ва ният дорам, ки худам онро дар театри ҷавонон ба саҳна гузорам.

-Оё дар андешаи навиштани китоби нав нестед?

-То имрӯз як китобам бо номи “Ҷияни хира” чоп шуд, дигараш иборат аз саҳнаҳои ҳаҷвӣ бо номи “Итари бад ҳам не!”...

-...воқеъан вожаи “Итари бад ҳам не” баъд аз ҳунарнамоии шумо хело машҳур шуд...

-Бале, бале, дар баъзе ҷаласаҳо то ҳоло онро истифода мекунанд...

-Аммо шумо оё ягон китоб аз рӯзу рӯзгори ҳампешаҳояшон навиштанӣ нестед... Фикр мекунам, ки ҳодисаҳои аҷиб дар зиндагиятон хело зиёд буданд...

-Ростӣ, ман ин хел хотираҳо хело зиёд дорам, вале гуфтам-ку, ҳоло машғули навиштани намоишномаҳои бузургҳаҷм ҳастам ва барои корҳои дигар вақт надорам...

-Хуб, метавонед ягонтояшро барои "Корвони ханда" қисса кунед?

-Бале,,, Як дӯст дорем Бобишо, доирадаст аст ва устод Зафар ӯро бо худ ба тӯйҳо мебурд. Боре устод ӯро боз ба тӯй мебарад, ба тӯйи хонадони як дӯсти устод Зафар. Баъди тӯй соҳиби хона чанд пуле дар киссаи устод Зафар метиққонад. Устод аз он пул 50 сӯм ба Бобишо медиҳад. Вақти бозгашт устод аз Бобишо нукта мегирад, ки “ин чӣ хелӣ тап-тап буд, доирата дурустар қоқ накардӣ...”. Бобишо 50-сӯмаро аз киса бароварда мегӯяд: “Ака, 50 сӯмда ҳамин қадар тап-тап мекунӣ”... Баъзан аз ҳам мепурсанд, ки чаро дар саҳна кам баромад мекунӣ, ман ҳам ҳамон гапи Бобишоро мегӯям : “50 сӯмда ҳамин қадар тап-тап мекунӣ”...