Шоми 12-уми август Бозиҳои 30-юми олимпӣ бо як маросими мисли расми кушоишаш хеле диданӣ ба поён расид.
Дар маросими хатми Бозиҳои Лондон ва аз пойтахти Бритониё расман ба Рио-де-Жанейрои Бразилия – мизбони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016-ум супурдани эстафетаи олимпӣ ситораҳои маъруфи ҳунари Бритониё, аз ҷумла Ҷорҷ Майкл, The Who, Spice Girls, намои ҳунар карданд. Дар ҳамин маросим охирин нишони тилои Олимпиадаи Лондонро ба Стивен Кипротич аз Уганда супурданд, ки ҳамагӣ чанд лаҳза қабл аз оғози ин шабнишинӣ дар дави марафонӣ ҷои аввалро гирифт.
Жак Рогге, раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ қабл аз расми хатми Бозиҳои Лондон аз ин Олимпиада ба унвони як сабқати “комилан шигифтовар” тавсиф кард: “Лондон баргузории Бозиҳои асили варзиширо ваъда дода буд ва мо дақиқан ин чизро дидем – рустои беҳамтои олимпӣ, маконҳои олии баргузории сабқатҳо, 44 рекорди ҷаҳонӣ, 117 рекорди олимпӣ. Гуфтаниам, ки варзишкорони хеле ва хеле зиёде дар инҷо таърихро аз нав навиштанд.”
Дар маҷмӯъ, тайи 17 рӯз дар Лондон варзишкорон аз 204 кишвари дунё барои 302 нишони тило дар 26 навъи варзиш рақобат карданд ва намояндагони 85 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, соҳиби медал шуданд. Дар сабқати байни кишварҳо Амрико бо касби 46 нишони тило ва 29 нуқраву 29 биринҷӣ – дар маҷмӯъ, 104 медал – соҳиби ҷои аввал шуд. Чин бо 38 медали тило ва дар маҷмӯъ, бо 87 нишон ҷои дувум ва мизбони мусобиқот – Бритониё – бо 29 нишони тило ва дар маҷмӯъ бо 65 медал ҷои севумро ба даст оварданд.
Тими Русия аз Лондон бо 82 медал бармегардад, вале азбаски шумори нишонҳои тилояш ҳамагӣ 24 аст, ин кишвар ҷои чорумро гирифт. Аз кишварҳои Шӯравии собиқ Қазоқистон бо 7 медали тило, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ 12-ум шуд ва Украина бо 6 нишони тилову 5 нуқра ва 9 биринҷӣ дар мақоми 14-ум қарор гирифт. Расонаҳо бо ишора ба пешинаи Бозиҳои олимпӣ, ки дар даврони Ҷанги сард ба як навъ майдони рақобати Амрикову Шӯравӣ табдил ёфта буд, ҳисоб кардаанд, ки агар Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо мебуд ва варзишкорон аз ин паҳно ҳамчунон таҳти як парчам сабқат мекарданд, метавонистанд дар Лондон бар Амрико пешдаст шаванд.
Кишварҳои Шӯравии собиқ дар Бозиҳои имсола ба сурати дастаҷамъӣ 164 медал ба даст овардаанд, ки аз 104 нишони тими Амрико бештар аст. Дар ҳисоби танҳо нишонҳои тило низ кишварҳои пасошӯравӣ дар маҷмӯъ соҳиби 47 тило шудаанд, ки низ аз 46 медали тилои варзишкорони амрикоӣ дар Олимпиадаи Лондон мегузарад.
Тими Тоҷикистон ба Лондон 16 варзишкор фиристода буд, вале аз миёни онҳо танҳо Мавзуна Чориева тавонист дар сабқати бокси занона дар вазни то 60 кило соҳиби нишони биринҷӣ шавад. Ӯ, ки барои гирифтани медалаш дар Лондон бо куртаи чакан баромад, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Бозиҳои оянда ҳатман барои нишони тило ва унвони қаҳрамонӣ мубориза хоҳад бурд: “Аз тарафи доварон ноодамӣ шуд. Валекин, иншоаллоҳ, дар Олимпиадаи дигар ман ба ин духтар нишон медиҳам! Ваъда медиҳам, ки дар Олимпиадаи дигар тилло мегирам."
Тими Тоҷикистон аз Олимпиадаи 4 соли пеш дар Пекин бо 2 нишон – медали нуқраи Юсуф Абдусаломов ва биринҷии Расул Боқиев дар сабқатҳои гуштии озод ва дзюдо баргашта буд. Вале дар Лондон кори онҳо омад накард ва ҳарду аз медал маҳрум монданд. Аммо Мавзуна Чориеваро, ки бо нишони олимпӣ бармегардад, акнун дар ватан як баста ҷоизаҳои ваъдагӣ мунтазиранд.
Давлат ба барандаҳои нишони биринҷӣ бояд ба камияш 200 000 сомонӣ диҳад. “Ориёнбонк”- бузургтарин бонки тиҷории Тоҷикистон низ ба барандаи медалҳои олимпӣ мошини “Лексус” ва Ҳизби наҳзати исломӣ – умдатарин ташаккули мухолифин манзил дар Душанбе ваъда додаанд. Намояндаи ин ҳизб ба муҷарради медали олимпиро барои худ таъмин кардани Мавзуна Чориева гуфт, ҳизб ба ваъдаи худ истодааст ва ба Мавзуна калиди хонаи навро хоҳад супурд.