Тими мунтахаби футболбозони навраси Тоҷикистон барандаи "Ҷоми дӯстӣ" гардид.
Ин мусобиқоти байналмилалӣ байни наврасони синни то 14-сола дар шаҳрҳои Бишкек ва Канти Қирғизистон доир шуд, ки дар он 6 даста аз давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ин вохӯрӣ аз ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон дудастаӣ ва аз кишварҳои боқимонда яктимӣ ширкат варзиданд. Футболбозони навраси тоҷик таҳти роҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов дар ҳамаи 5 бозӣ пирӯз шуда, мақоми аввалро касб карданд.
Пирӯзии тими мунтахаби футболбозони навраси Тоҷикистонро алоқамандони ин намуди варзиш дар кишвар хуб пазируфтанд. Аксарият ин ғолибияти наврасонро ҳамчун фоли нек дар рушди минбаъдаи футболи тоҷик донанд. Яъне, барои футболбозони навраси дигари ҷумҳурӣ он ҳамчун эътимод ва дарвозаи бозе гардид, барои ширкат дар чунин мусобиқоти байналмилалӣ.
Махсусан ин хабар Анӯшервони Раҷабалӣ, аъзои тими мунтахаби футболбозони навраси то 16-солаи Тоҷикистон ва ҳамсолони ӯро хушнуд намуд. Анӯшервон гуфт, "хабари хуш буд. Чи гӯям, аз хурсандӣ дар куртаамон намеғунҷидем. Лекин шароитро боз беҳтар мекарданд дар мусобиқаҳои дигар, мо машқро хубтар мекардему парчами Тоҷикистонро бештар боло мебардоштем."
Ҳамакнун тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими мазкур соли оянда дар "Ҷоми Осиё" Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳад кард. Дар ҳоле тими мунтахаби футболбозони навраси Тоҷикистон дар ин мусобиқоти байналмилалӣ пирӯзӣ ба даст овардааст, ки иштирок дар чунин сабқатҳои сатҳи ҷаҳонӣ барояш бесобиқа аст. Дар робита ба ин Нуралӣ Хоркашев, мутахассиси шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон афзуд: "Ҳар сол дар фестивали конфедератсияи футболи Осиё иштирок менамуд, порсол дар давлати Покистон, cоли гузашта дар Ҷумҳурии Узбакистон. Ва бояд гуфт, ки дар ин фестивалҳо бурду бохтҳои дастаҳо муайян карда намешуданд. Ин як фестивал, озмунест, ки барои ба мусобиқаҳои расмӣ-байналмилалӣ омӯзонидани футболбозони наврас мусоидат менамояд."
Музаффар Мадалиев, мутахассиси соҳа бар ин назар аст, ки феълан бидуни рушди футболи кӯдакона, ояндаи дурахшони футболи тоҷикро таъмин намудан ғайриимкон аст. Яъне ба ақидаи ӯ, ҳоло тағйир додани тими мунтахаби олии кишвар, ки аллакай шаклгирифта аст, мушкил аст. Аз ин рӯ, бояд ба кӯдакону наврасони футболбоз аҳамияти ҷиддӣ дод, то тавонем баъд аз 3-4 сол самараи онро ба даст оварем, илова намуд ӯ. Ба гуфтаи ҷаноби Мадалиев солҳои охир Федератсияи футболи Тоҷикистон ба футболи кӯдакона таваҷҷӯҳро афзун намудааст. Аммо барои ба мақсади ниҳоӣ расидан ҳоло ҳам мушкилиҳои зиёде садди роҳ гардидаанд: "Таъмин намудани футболбозон бо лавозимоти машқӣ, ин худ як проблемаи калон аст. Бояд мураббӣ иҷозатнома дошта бошад. Зеро ӯ на фақат бояд мураббии футбол бошад, балки педагог ва психолог бошад. Ҳангоми тамрин ҳар як футболбоз бояд бо як тӯб машқ кунад, аммо дар амал як гурӯҳ як тӯб ё ду тӯб дораду халос. Ин албатта камбудиҳои калон аст дар футболи кӯдакона."
Музаффар Мадалиев ҳамчунин зикр намуд, ки мушкилии таъмир ва таъмин намудан бо майдончаҳои футболбозӣ низ яке аз проблемаҳои муҳими соҳа мебошад, ки инро низ набояд нодида гирифт. Дар ҳамин ҳол, Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол ба тозагӣ рейтинги нави мунтахабҳои миллиро оммавӣ гардонид, ки мувофиқи он тими мунтахаби Тоҷикистон якуякбора ба 16 зина пойин рафта, дар мақоми 140-ум қарор гирифтааст.