Рӯзи чордаҳуми мусобиқот барои медалҳои Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон шаби ҷумъа натиҷагирӣ шуд.
Аз рӯи натиҷагирии чордаҳ рӯзи мусобиқот варзишгарони 82 кишвар барандагони медалҳои олимпӣ гардидаанд. Дар ҳисоби умумидастаӣ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 94 медал – 41 тилло, 26 нуқра ва 27 биринҷӣ дар ҷойи аввал мебошад. Чиноиҳо ҳамагӣ 81 медал - 37 тилло, 25 нуқра ва 19 биринҷӣ ба даст овардаанд ва дар ҷойи дувум мебошанд. Бритониёи Кабир бо касби 57 медал – 25 тилло, 15 нуқра ва 17 биринҷӣ дар ҷойи севум аст.
Умуман, варзишгарони 48 кишвар дар чордаҳ рӯзи мусобиқот ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Лондон мушарраф гаштаанд. Ба ғайр аз ИМА, Чин ва Бритониёи Кабир, Русия 15 медали тилло, Кореяи Ҷанубӣ 13, Олмон 10, Фаронса 9, Маҷористон 8, Австралия ва Италия 7-тоӣ нишони тилло, Нидерланд ва Қазоқистон 6-тоӣ, Ҷопон 5, Эрон, Зеландияи Нав ва Кореяи Шимолӣ 4-тоӣ медали тилло, Ямайка, Беларус, Куба, Украина, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Эфиопия 3-тоӣ нишони тилло, Испания, Руминия, Дания, Ҷумҳурии Чех, Кения, Бразилия, Лаҳистон, Туркия, Хорватия ва Швейтсария ҳар кадом 2 медали тилло, Канада, Колумбия, Шветсия, Гурҷистон, Аргентина, Словения, Норвегия, Тунис, Ҷумҳурии Доминикан, Ирландия, Литва, Латвия, Алҷазоир, Баҳама, Гренада ва Венесуэла яктоӣ медали тилло ба даст овардаанд.
Аз рӯи шумораи умумии медалҳо ИМА бо 94 медал дар ҷойи аввал, Чин бо 81 медал дар ҷойи дувум ва Русия бо 63 медал дар ҷойи севум қарор доранд. Бритониёи Кабир 57 медал, Олмон 42, Ҷопон 35, Австралия 31, Фаронса 30, Кореяи Ҷанубӣ 27 ва Италия 21 медал гирифтаанд.
Дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ Русия бо 15 медали тилло, 21 нуқра ва 27 биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Қазоқистон бо 6 медали тилло ва 4 биринҷӣ дар мақоми дувум мебошад. Беларус 3 медали тилло, 3 нуқра ва 4 нишони биринҷӣ, Украина 3 медали тилло, 1 нуқра ва 9 биринҷӣ, Гурҷистон 1 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ, Литва 1 нишони тилло ва 2 биринҷӣ, Латвия 1 нишони тилло ва 1 биринҷӣ, Озарбойҷон 2 нуқра ва 5 биринҷӣ, Арманистон 1 нуқра ва 2 биринҷӣ, Эстония 1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ, Узбакистон 3 медали биринҷӣ, Молдова 2 медали биринҷӣ ва Тоҷикистон 1 медали биринҷӣ гирифтаанд. Вале варзишгарони ду кишвар – Қирғизистон ва Туркманистон то ҳоло дар Олимпиадаи Лондон соҳиби медал нашудаанд.
Эрон бо 10 медал - 4 нишони тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷойи 14-ум мебошад.
То ҳоло 12 варзишгари Тоҷикистон сабқатро дар Олимпиадаи Лондон ба анҷом расониданд. Танҳо як нафар – муштзан Мавзуна Чориева ба Тоҷикистон медали олимпӣ овардааст. Мавзуна дар сабқати бокси занона дар вазни то 60 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд.
Ёздаҳ варзишгари Тоҷикистон - тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, дзюдочиён Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, шиновар Катерина Измайлова, гурзандоз Дилшод Назаров, даванда Владислава Овчаренко, таэквондочӣ Фарҳод Неъматов ва гуштигири тарзи озод Николай Ноев аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Боз чаҳор намояндаи Тоҷикистон дар ду ришта- таэквондо ва гуштии озод рақобат хоҳанд кард. Имрӯз, 11-уми август соати 15:15 ба вақти Душанбе Алишер Гулови 22-сола, ки барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ дар риштаи таэквондо ширкат меварзад, дар вазни +80 кг дар ҳаштякфинал бо варзишгари итолиёвӣ Карло Молфеттаи 28-сола, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо-2012, қувваозмоӣ мекунад.
Инчунин имрӯз соати 17:18 ба вақти Душанбе Юсуф Абдусаломови 34-сола, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин, дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило дар даври муқаддамотӣ бо Ҳоҷимурод Нурмагомедови 25-сола аз Арманистон рақобат хоҳад кард.
Ду гуштигири дигари тоҷик - Зелимхон Юсуфов дар вазни то 66 кило ва Искандари Рустам дар вазни то 96 кг дар мусобиқаи гуштии озод дар рӯзи охирини Олимпиадаи Лондон - 12-уми август ширкат меварзанд.
Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:
11-уми август
Таэквондо. 15.15. Алишер Гулов (+80 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.18. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).
12-уми август
Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).
Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.