Боздошти 6 "террорист" дар Синай

Бино ба хабарҳо, дар як амалиёти муштараки пулис ва артиши Миср дар вилояти Синай 6 "террорист" боздошт шудааст. Вале ожонсии давлатии Мино замони ин боздоштро нагуфтааст. Миср дар пайи қатли рӯзи якшанбеи 16 марзбонаш дар шимоли Синай, ки хунинтарин ҳамла алайҳи артиши кишвар дар даҳсолаҳост, ба минтақа нирӯи фаровон фиристод. Ин дар ҳолест ки паймони соли 1979 ҳузури низомии Мисрро дар Синай маҳдуд мекунад. Масъулияти он ҳамларо ба ҷангиёни исломӣ бор мекунанд ва ба гуфтаи низомиҳо, дар пай дастикам 20 ҷангиро ба ҳалокат расондаанд.