Мақомоти интизомии ноҳияи Фархор мегӯянд, Баҳриддин Сангмадов, хабарнигори «Пажвок»-ро аз асорати қочоқчиёни афғон озод кардаанд.
Ба гуфтаи онҳо, он чаҳор нафаре, ки ду рӯз пеш Баҳриддинро берун аз маҳаллаи аҳолинишин дар мавзеи Пистаи Санги Шӯрообод рабуда буд, қочоқчиён будаанд.
Ҳангоми рӯ ба рӯ омадани қочоқчиён бо милисаҳои ноҳияи Фархор, онҳо Баҳриддинро раҳо карда, мегурезанд.
Пӯлод, падари Баҳриддин мегӯяд, дар аввал ба ӯ гуфтанд, ки фарзандатро бо маводи мухаддир боздошт кардаем, аммо бегоҳи дирӯз гуфтанд, ки ӯ гуноҳе надорад ва пас аз бозпурсӣ ва аз назаргузаронии маҳалли ҳодиса, ӯро ҷавоб хоҳем дод.
Кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор, Баҳриддин Сангмадовро имрӯз, 11-уми август озод карданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Баҳриддин Сангмадов, рӯзи 9-уми август, аз зодгоҳаш дар ноҳияи Шӯрообод бедарак шуда ва пас аз талошҳои зиёд пайвандонаш хабар ёфтанд, ки вай дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор аст.
Файзимоҳ, хоҳарбузурги Баҳриддин аз ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод дар як сӯҳбати телефонӣ ба РО гуфт, ки «Баҳриддин соати 12 -и рӯзи гузашта, яъне панҷшанбеи 9 август, ҳамроҳ бо бародарам Зайниддин ва додари келинамон ба адир рафтанд. Аммо он гуна, ки Зайниддин гуфт, соатҳои 15.00 чаҳор нафар, ки яке аз онҳо бо либоси низомӣ ва бақия мулкӣ ва борхалта бар китф буданд, хоҳиш карданд, ба онҳо об диҳанд. Баҳриддин ва ҳамроҳонаш ба ин афрод об дода ва онҳо баъдан бар сари Баҳриддин порчаеро кашида ва гуфтанд, ки борҳоро ба ҷое мебаранд, шумо инҷо мунтазир бошед, мо бармегардем».
Аммо ба гуфтаи Файзимоҳ, ду соат мегузарад, вале аз Баҳриддин ва он афрод, ки якеаш бо лаҳҷаи афғонӣ сӯҳбат мекардааст, дараке нашудааст. Аҳли хонавода аз ин вазъ нигарон шуда ва дар талоши пайдо кардани Баҳриддин шуданд ва танҳо шаб хабаре ба онҳо расидааст, ки вай дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор аст.
Ҳодисаи бедарак ва баъдан боздошт шудани Баҳриддин Сангмадов, дар зодгоҳаш ноҳияи Шӯрообод дар ҳолест, ки муддати беш аз ду моҳи ахир нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ амалиёти вижаеро барои саркӯбии гурӯҳҳои мусаллаҳи қочоқбари афғон дар мантақаи марзии Шӯрообод бо Афғонистон роҳандозӣ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол Орзӯ Ҳамидов, сардабири нашрияи мустақили «Пажвок» нигаронии аҳли эҷоди ин нашрияро дар робита ба боздошти ҳамкорашон баён карда ва гуфт, «инҷо иштибоҳе сар задааст. Баҳриддин аслан дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ ва кор мекунад ва гоҳ - гоҳе барои аёдати волидонаш ба Шӯрообод меравад. Вай як журналист аст ва ҷузъ кори хабарнигорӣ ва саҳифабандӣ дар «Пажвок» ба дигар коре машғул нест».
Зимнан, Баҳриддин Сангмадов, соли 1988 дар деҳаи Пистамазори ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод таваллуд шудааст. Пас аз хатми донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб дар соли 2007, фаъолияташро ба ҳайси хабарнигор ва саҳифабанди нашрияи «Пажвок» шурӯъ кардааст. Тайи панҷ сол аст, ки дар ин ҳафтанома кор мекунад.