Николай Ноев, намояндаи Тоҷикистон, дар сабқати гуштии озод дар Олимпиадаи Лондон ноком шуд ва аз идомаи мубориза маҳрум гашт.
Николай Ноеви 24-сола имрӯз дар сабқати гуштии озод дар вазни то 55 кг дар даври муқаддамотӣ бо Радослав Маринов Великови 28-сола аз Булғористон, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин-2008, қаҳрамони ҷаҳон (2006), дорандаи медалҳои нуқраи сабқати ҷаҳонӣ (2005, 2011), барандаи нишони нуқра (2010) ва биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо (2009, 2012) қувваозмоӣ кард.
Ноев аз рақиби пуртаҷрибаву номдораш бо ҳисоби 0:3 мағлуб гашт.
Имрӯз, инчунин, Фарҳод Неъматови 22-сола дар ҳаштякфинал дар вазни то 80 кг аз намояндаи Бритониёи Кабир Лутало Муҳаммади 21-сола, қаҳрамони Аврупо-2012, бо ҳисоби 1:7 шикаст хӯрд.
Ба ин тартиб, то ҳоло 12 варзишгари Тоҷикистон сабқатро дар Олимпиадаи Лондон ба анҷом расониданд. Танҳо як нафар – муштзан Мавзуна Чориева ба Тоҷикистон медали биринҷии олимпӣ овардааст.
Вале 11 варзишгари Тоҷикистон - тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, дзюдочиён Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, шиновар Катерина Измайлова, гурзандоз Дилшод Назаров, даванда Владислава Овчаренко, таэквондочӣ Фарҳод Неъматов ва гуштигир Николай Ноев аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Боз чор намояндаи Тоҷикистон дар ду ришта- таэквондо ва гуштии озод рақобат хоҳанд кард. Таэквондочии дигари тоҷик Алишер Гулов рӯзи 11-уми август соати 15:15 ба вақти Душанбе бо варзишгари итолиёвӣ Карло Молфетти, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо-2012, рӯбарӯ мешавад.
Дар сабқати гуштии озод Юсуф Абдусаломов рӯзи 11-уми август, Зелимхон Юсуфов ва Искандари Рустам рӯзи 12-уми август рақобат мекунанд.
Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:
11-уми август
Таэквондо. 15.15. Алишер Гулов (+80 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.30. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).
12-уми август
Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).
Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.