Мунтахаби занонаи футболи ИМА – қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боз қаҳрамони бозиҳои олимпӣ гардид.
Футболбозони амрикоӣ шаби 9-уми август дар бозии ниҳоии Олимпиадаи Лондон-2012 бар тими Ҷопон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Финал

ИМА – Ҷопон 2:1 (1:0)

Голҳо: 1:0 – Ллойд (8), 2:0 – Ллойд (54), 2:1 – Огимӣ (63).

ИМА: Соло, Лепелбет, О’Хара, Рэмпоун, Бюлер (Сауэрбрунн, 80), Ллойд, Бокс, Рапино (Чини, 57), Хит, Уомбак, Морган.

Ҷопон: Фукумото, Кумагаи, Ивасимидзу, Кинга, Самесима (Ивабути, 77), Мияма, Сакагути (Танака, 59), Кавасуми, Сава, Огимӣ, Оно (Маруяма, 86).

Огоҳонида шуд: Уомбак (90).

Дастаи мунтахаби занонаи Канада, ки дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар мунтахаби Фаронса бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад, барандаи медали биринҷӣ шуд.

Бозӣ барои ҷойи 3-юм
Канада – Фаронса - 1:0 (0:0)

Гол: 1:0 – Мэтисон (90).

Канада: Маклауд, Нол (Чепмен, 83), Сесселманн, Уилкинсон, Москато, Скотт, Мэтисон, Шмидт, Филиньо (Кайл, 55), Танкреди (Тимко, 77), Синклэйр.
Фаронса: Буадди, Франко, Жорж, Ренар, Несиб, Бомпастор, Буссаля, Субейран (Абили, 54), Тине, Томи (Катала, 90), Дели (Ле Соммер, 61).
Огоҳонида шуд: Абилӣ (90).

Дар сабқати дастаҳои мунтахаби мардона Бразилия ва Мексика ба финал баромаданд. Бозии ниҳоӣ рӯзи 11-уми август соати 19 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Дар даври ниманиҳоӣ Мексика бар Ҷопон бо ҳисоби 3:1 ва Бразилия бар Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд. Ҳамин тариқ, дастаҳои мунтахаби мардонаи Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон имрӯз, 10-уми август соати 23:45 ба вақти Душанбе барои ҷойи сеюм рақобат мекунанд.