Антонов: Созишномаи низомӣ қариб ниҳоӣ шудааст

Анатолий Антонов

Анатолий Антонов-муовини вазири дифои Русия ва раҳбари ҳайати музокироти ин кишвар натоиҷи гуфтугӯҳо бо мақомоти Тоҷикистон роҷеъ тамдиди муҳлати ҳузури пойгоҳи 201-и ин кишвар дар қаламрави Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ кард. Ҷаноби Антонов, ки дар сафорати Русия дар Душанбе бо хабарнигорон сӯҳбат мекард гуфт матни созишномаи тарафҳо бар сари ин пойгоҳ тақрибан ниҳоӣ шуда ва қарор аст дар ояндаи наздик ба имзо бирасад.

Анатолий Антонов хабарҳо дар мавриди пардохти ҳақи иҷора бар ивази тамдиди пойгоҳи 201 дар Тоҷикистонро беасос хонд. Вай гуфт, масъала дар бораи мавҷудият ва ё ҳузури ин пойгоҳ нест ва мақомоти тоҷик аз ҷумла раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ин мавзуъро ба баҳс накашидаанд, балки масъалаи ояндаи пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон бо шароити имрӯзӣ мутобиқ кардани он аст.

Антонов гуфт дар ҷараёни боздидаш аз Тоҷикистон ба тавофуқ раидаанд, ки шумораи донишҷӯёни тоҷик дар омӯзишгоҳҳои ҳарбии Русия минбаъд то 20 дар сад афзоиш дода шавад. Таҳсили онҳо ройгон хоҳад буд.