Пирӯзии муштзани тоҷик Мавзуна Чориева ба рақиби чиниаш ва соҳиби медали биринҷӣ шудани вай дар олимпиадаи Лондон, бозтоби густардаеро дар матолиби нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе доштааст.
Бештари нашрияҳо акси Мавзунаро, ки дар ринг даст ба дуо асту шукргузорӣ мекунад, дар саҳифаи аввал ҷо кардаанд.
"ФАРАЖ"
Пирӯзии Мавзуна ба ҳарифи чиноиш Ченг Донгро "мояи саршори шодию нишот ба қалби мардуми Тоҷикистон", ки моҳи охир ба домони ғаму ғусса, изтиробу ташвиш печида буд, арзёбӣ кардааст. Ҳамзамон нашрия ин хабарро таҳаввуле дар журналистикаи тоҷик донист ва навишт, "аз ҳама муҳим: шояд бори аввал дар таърихи бист соли охир ғалабаи як варзишгар дар барномаи "Ахбор" аввалин шуда, пеш аз ахбори расмии ҳукуматӣ пахш гардид." Ба ин далел нашрия менависад, "метавон гуфт, ки ғалабаи тоҷикдухтар тавонист, ҳатто хатти пахши хабарҳоро тағйир диҳад ва бо ин ба пешрафти журналистикаи тоҷик ҳам мусоидат кунад."
"СССР"
Аз Мавзуна Чориева ба унвони "шери тоҷик" ном бурдааст. Ҳафтанома навишт, "Мавзуна Чориеваи мусоири мо хоби ҳазорсолаи Фирдавсиро вайрон кард. Зеро дигар номи қаҳрамони дар назари мо ягона таҷаллии мардонагии зани тоҷик-форс-дарӣ ... Гурдофарид ба фаромӯшхонаи таърих кӯчид. Дигар соате расид, ки мардум гӯянд, Гурдофарид? Кадом Гурдофарид? Ҳа, шояд ҳамоне, ки мегӯянд, тақрибан мисли Мавзуна замоне зӯр буд???"
"АЗИЯ-ПЛЮС"
Дар сафҳаи вижаи варзишӣ матлаберо зери номи "Медали олимпӣ" мунташир ва аз натоиҷи рақобати Мавзуна бо муштзани чинӣ бо хушҳолӣ хабар додааст, ки ин ҷавондухтари 19-сола дар муқобили Ченг Донги 26-сола ба дарёфти медали биринҷӣ мушарраф гардид. Нашрия барои Мавзунае, ки барои бори аввал дар олимпиадаи ҷаҳонӣ ширкат мекунад, онро баробар ба медоли тилло арзёбӣ кард.
"ОЗОДАГОН"
Медали биринҷиро барои ин муштзани тоҷик "ҳалолат бод, Мавзуна" гуфта ва муаллифи матлаб навиштааст, "6-уми август зодрӯзам буд ва дар ин рӯз тамоми дӯстону наздикон ва ҳамсабақонам ҳарфҳои шодбошӣ бароям гуфтанд. Аммо беҳтарин тӯҳфаро ба зодрӯзам Мавзуна Чориева аз Лондон тақдим дошт." Ба таъкиди муаллифи матлаб, "шояд дастоварде, ки Мавзуна ба даст овард, медали биринҷӣ роҳи паҳлавонҳои дигари тоҷикро, ки ҳанӯз вориди рақобатҳо нашудаанд, барои муваффақият ҳамвор кунад."
"ТОҶИКИСТОН"
Дар бораи рақобати Мавзуна Чориева бо Кэтӣ Тейлор матлабе чоп карда ва навиштааст, "Мушти Мавзуна ба Тейлор таъсир накард". Ба навиштаи муаллиф, "бо он ки Мавзуна дар даври ниманиҳоӣ аз муштзани ирландӣ шикаст хӯрд, аммо вай ба Тоҷикистон медали биринҷӣ меорад, ки ифтихори на танҳо ин ҷавондухтар, балки Тоҷикистон аст."