Рӯзи дувоздаҳуми мусобиқот барои медалҳои Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон шаби чоршанбе натиҷагирӣ шуд.
Аз рӯи натиҷагирии дувоздаҳ рӯзи мусобиқот варзишгарони 76 кишвар барандагони медалҳои олимпӣ гардидаанд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мисли пешин Чин дар ҷойи аввал аст. Чиноиҳо ҳамагӣ 77 медал - 36 тилло, 22 нуқра ва 19 биринҷӣ ба даст овардаанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 81 медал - 34 тилло, 22 нуқра ва 25 биринҷӣ дар ҷойи дувум аст. Бритониёи Кабир бо касби 48 медал - 22 тилло, 13 нуқра ва 13 биринҷӣ дар ҷойи севум мебошад.
Умуман, варзишгарони 41 кишвар дар дувоздаҳ рӯзи мусобиқот ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Лондон мушарраф гаштаанд. Ба ғайр аз Чин, ИМА ва Бритониёи Кабир, мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ 12 медали тилло, Русия 11, Фаронса 8, Олмон ва Италия 7-тоӣ нишони тилло, Маҷористон ва Қазоқистон 6-тоӣ, Австралия ва Нидерланд 5-тоӣ, Ҷопон, Эрон ва Кореяи Шимолӣ ҳар кадом 4 медали тилло, Куба, Зеландияи Нав, Беларус, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Украина ҳар кадом 3 нишони тилло, Руминия, Дания, Ямайка, Бразилия, Лаҳистон, Хорватия, Швейтсария ва Эфиопия ҳар кадом 2 медали тилло, Испания, Канада, Шветсия, Ҷумҳурии Чех, Кения, Словения, Гурҷистон, Норвегия,Ҷумҳурии Доминикан, Литва, Алҷазоир, Гренада ва Венесуэла яктоӣ медали тилло ба даст овардаанд.
Аз рӯи шумораи умумии медалҳо Амрико бо 81 медал дар ҷойи аввал, Чин бо 77 медал дар ҷойи дувум ва Русия бо 52 медал дар ҷойи севум қарор доранд. Бритониёи Кабир 48 медал, Олмон 32, Ҷопон 31, Фаронса 28, Австралия 26, Кореяи Ҷанубӣ 25 ва Италия 17 медал гирифтаанд.
Дар байни кишварҳои собиқи Шӯравӣ Русия бо 11 медали тилло, 19 нуқра ва 22 биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Қазоқистон бо 6 медали тилло ва 2 биринҷӣ дар мақоми дувум мебошад. Беларус 3 медали тилло, 2 нуқра ва 4 нишони биринҷӣ, Украина 3 медали тилло ва 6 биринҷӣ, Гурҷистон 1 медали тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ, Литва 1 нишони тилло ва 1 биринҷӣ, Озарбойҷон 2 нуқра ва 2 биринҷӣ, Арманистон 1 нуқра ва 2 биринҷӣ доранд. Эстония 1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ, Молдова 2 медали биринҷӣ, Тоҷикистон ва Узбакистон яктоӣ медали биринҷӣ гирифтаанд. Вале варзишгарони се кишвар - Қирғизистон, Латвия ва Туркманистон то ҳоло дар Олимпиадаи Лондон соҳиби медал нашудаанд.
Эрон бо 8 медал - 4 нишони тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷойи 14-ум мебошад.
То ҳоло 10 варзишгари Тоҷикистон сабқатро дар Олимпиадаи Лондон ба анҷом расониданд. Танҳо як нафар - муштзан Мавзуна Чориева ба Тоҷикистон медали олимпӣ овардааст. Дар воқеъ, ин севумин медали олимпии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Дар Олимпиадаи Пекин-2008 Юсуф Абдусаломов дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кг медали нуқра ва Расул Боқиев дар риштаи дзюдо дар вазни то 73 кг медали биринҷӣ гирифта буданд. Мавзуна Чориева дар Олимпиадаи Лондон-2012 дар бокси занона дар вазни то 60 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд.
Бояд зикр намуд, дар миёни занони варзишгари Тоҷикистон Мавзуна нахустин ва ягона барандаи медали олимпӣ дар замони истиқлолияти кишвар маҳсуб мешавад. Дар замони шӯравӣ Зубуннисо Рустамова дар риштаи камонварӣ соли 1976-ум дар Монреали Канада барандаи медали олимпӣ шуда буд. Ҳамчунин Мавзуна дар таърихи Бозиҳои олимпӣ аввалин барандаи медали биринҷӣ дар риштаи бокс миёни занон ба шумор меравад, зеро ки ин намуд барои бори аввал ба барномаи Олимпиада дохил шудааст.
Вале 9 нафар - тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, дзюдочиён Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, шиновар Катерина Измайлова, гурзандоз Дилшод Назаров ва даванда Владислава Овчаренко аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Боз шаш намояндаи Тоҷикистон дар ду ришта- таэквондо ва гуштии озод рақобат хоҳанд кард. Ду варзишгари ҷавони тоҷик - Фарҳод Неъматов ( вазни то 80 кг) ва Алишер Гулов (+80 кг) барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ дар риштаи таэквондо ширкат меварзанд.
Фарҳод рӯзи 10-уми август соати 14:45 ба вақти Душанбе дар ҳаштякфинал бо намояндаи Бритониёи Кабир Лутало Муҳаммад, қаҳрамони Аврупо-2012, қувваозмоӣ мекунад. Алишер бошад, рӯзи 11-уми август соати 15:15 ба вақти Душанбе бо варзишгари итолиёвӣ Карло Молфетти, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо-2012, рақобат хоҳад кард.
Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов, Искандари Рустам ва Николай Ноев дар мусобиқаи гуштии озод, ки аз 10-ум то 12-уми август баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Коршиносони соҳа аз Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило ва Зелимхон Юсуфов дар вазни то 66 кило натиҷаҳои баландро чашмдоранд.
Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:
10-уми август
Таэквондо. 14.45. Фарҳод Неъматов (то 80кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.00. Николай Ноев (то 55 кг, 1/8 финал).
11-уми август
Таэквондо. 15.15. Алишер Гулов (+80 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.30. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).
12-уми август
Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).
Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.