Ҳушдори Amnesty International ба ҷонибҳои даргир дар Сурия

Созмони Amnesty International ё Афви Байнулмилал аз вазъи сокинони шаҳри Ҳалаб ва атрофи он, ки чанд рӯз боз ба саҳнаи задухӯрдҳо миёни нерӯҳои ҳукумати Сурия ва мухолифини мусаллаҳ табдил шудаанд, изҳори нигаронӣ кард.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, аксҳои нави аз тариқи моҳвора дастрас шуда ҳокист, ки дар маҳаллаҳои зист аз тонку зиреҳпӯшҳо ва тӯпхона бештар аз пиндор истифода мешавад.

Amnesty International ба низомиёни ҳукуматӣ ва мухолифини режими Башор Асад ҳушдор додааст, ки кормандони созмон ҳама ҷиноёт алаҳи мардуми осоиштаро сабт мекунанд, то ки гунаҳкорон баъдан муҷозот шаванд.

Аз ин пеш аз вазъи сокинони Ҳалаб, бузургтарин шаҳри Сурия, раиси ҳайати нозирони СММ Бабакар Гайе ҳам изҳори ташвиш карда буд.

Мухолифини ҳукумати Димишқ мегӯянд, ки айни ҳол тақрибан нисфи шаҳри Ҳалабро зери назорат доранд.