Имрӯз Мавзуна Чориева барои ба финал баромадан талош мекунад

Мавзуна Чориева

Рӯзи ёздаҳуми мусобиқот барои медалҳои Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон шаби сешанбе натиҷагирӣ шуд.
Аз рӯи натиҷагирии ёздаҳ рӯзи мусобиқот варзишгарони 73 кишвар барандагони медалҳои олимпӣ гардиданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мисли пешин Чин дар ҷойи аввал аст. Чиноиҳо ҳамагӣ 73 медал - 34 тилло, 21 нуқра ва 18 биринҷӣ ба даст овардаанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 70 медал – 30 тилло, 19 нуқра ва 21 биринҷӣ дар ҷойи дувум аст. Бритониёи Кабир бо касби 48 медал – 22 тилло, 13 нуқра ва 13 биринҷӣ дар ҷойи севум мебошад.

Умуман, варзишгарони 40 кишвар дар ёздаҳ рӯзи мусобиқот ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Лондон мушарраф гаштаанд. Ба ғайр аз Чин, ИМА ва Бритониёи Кабир, мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ 12 медали тилло, Русия 10, Фаронса 8, Италия 7, Олмон ва Қазоқистон 6-тоӣ нишони тилло, Нидерланд 5, Австралия, Эрон, Маҷористон ва Кореяи Шимолӣ ҳар кадом 4 медали тилло, Куба, Беларус, Зеландияи Нав, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Украина ҳар кадом 3 медали тилло, Ҷопон, Руминия, Дания, Лаҳистон, Бразилия, Ямайка, Хорватия ва Эфиопия ҳар кадом 2 медали тилло, Испания, Канада, Шветсия, Ҷумҳурии Чех, Кения, Словения, Гурҷистон, Ҷумҳурии Доминикан, Швейтсария, Литва, Венесуэла, Алҷазоир ва Гренада яктоӣ медали тилло ба даст овардаанд.

Аз рӯи шумораи умумии медалҳо Чин бо 73 медал дар ҷойи аввал, ИМА бо 70 медал дар ҷойи дувум мебошанд. Бритониёи Кабир ва Русия 48-тоӣ медал доранд. Ҷопон 29 медал, Фаронса 28, Олмон 27, Австралия 25, Кореяи Ҷанубӣ 23 ва Италия 17 медал ба даст овардаанд.

Дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ Русия бо 10 медали тилло, 18 нуқра ва 20 биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Қазоқистон бо 6 медали тилло ва 1 биринҷӣ дувум мебошад. Беларус 3 медали тилло, 2 нуқра ва 3 нишони биринҷӣ, Украина 3 медали тилло ва 6 биринҷӣ, Гурҷистон 1 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ, Литва 1 нишони тилло ва 1 биринҷӣ, Арманистон ва Озарбойҷон ҳар кадом 1 нуқра ва 2 биринҷӣ гирифтаанд. Эстония 1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ, Молдова 2 медали биринҷӣ ва Узбакистон як медали биринҷӣ доранд. Вале 4 кишвар - Қирғизистон, Латвия, Тоҷикистону Туркманистон то ҳоло дар Олимпиадаи Лондон соҳиби медал нашудаанд.

Дар воқеъ, варзишгари тоҷик Мавзуна Чориеваи 19-сола (қадаш 1 м 60 см), ки дар сабқати бокс дар вазни то 60 кило ба даври нимфиналӣ роҳ ёфтааст, ҳадди ақал соҳиби медали биринҷӣ хоҳад шуд. Рақиби Мавзуна дар қувваозмоии нимфиналӣ, ки имрӯз, 8-уми август соати 6-и бегоҳ ба вақти Душанбе баргузор мешавад, муштзани ирландӣ Кэти Тейлори 26-сола (қадаш 1 м 65 см), қаҳрамони чоркарата ва феълии ҷаҳон мебошад.

Зимнан, дар чемпионати имсолаи ҷаҳон ҳам Чориева дар сабқати ниманиҳоӣ бо Тейлор рӯ ба рӯ шуда, аз ӯ бо ҳисоби 6:16 мағлуб шуда, мақоми севумро касб карда буд. Тейлор, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Софя Очигаваи русиягӣ бо ҳисоби 11:7 пирӯз гашт, барои бори чаҳорум бо медали тиллои сабқати ҷаҳонӣ мукофотонида шуд.

Мавзуна Чориева баъд аз пирӯзиаш дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Ченг Донги 25-сола аз Чин (қадаш 1 м 77 см) бо ҳисоби 13:8 дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ” иншооллоҳ, ман барои ба даст овардани нишонҳои нуқраву тилло кӯшиш мекунам. Ман каме аз китфам ҷароҳат бардоштаам. Худо хоҳад, инро бояд муолиҷа кунам. Умедворам, ки худованд беиқболам намекунад.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мавзуна Чориева -- соҳиби медали олимпӣ


Дар қувваозмоии дигари нимфиналӣ дар вазни то 60 кг бегоҳи чоршанбе Адриана Арауҷо (Бразилия) ва Софя Очигава (Русия, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон ва барандаи феълии медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2012) бо ҳам рақобат мекунанд.

То ҳоло 9 варзишгари Тоҷикистон – тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, дзюдочиён Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, шиновар Катерина Измайлова, гурзандоз Дилшод Назаров ва даванда Владислава Овчаренко аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Боз ҳафт варзишгари тоҷик дар се ришта- бокс, таэквондо ва гуштии озод рақобат хоҳанд кард. Абдурозиқ Олимов, мураббии калони дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, “чаҳор намояндаи Тоҷикистон – гуштигирон Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов, Искандари Рустам ва Николай Ноев, ки дар Русия тамрин мекунанд, имрӯз, 8-уми август, озими Лондон шуданд. Мусобиқа дар риштаи гуштии озод аз 10ум то 12-уми август баргузор мешавад. Мо аз Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило ва Зелимхон Юсуфов (вазни то 66 кг) натиҷаҳои баландро чашмдорем.”

Инчунин ду варзишгари ҷавони тоҷик - Фарҳод Неъматов ( вазни то 80 кг) ва Алишер Гулов (+80 кг), ки барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ дар риштаи таэквондо ширкат меварзанд, рӯзҳои 10-ум ва 11-уми август рақобат хоҳанд кард.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:

8-уми август
Бокс. 18.00. Мавзуна Чориева (то 60 кг, 1/2 финал).

10-уми август
Таэквондо. 13.15. Фарҳод Неъматов (то 80кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.00. Николай Ноев (то 55 кг, 1/8 финал).

11-уми август
Таэквондо. 13.15. Алишер Гулов (+80 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.30. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).

12-уми август
Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).

Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.