Рӯзи сешанбе паймони НАТО изҳор намуд, ки ду силоҳбадаст бо либоси сарбозони артиши миллии Афғонистон дар тан ба тарафи сарбозони паймони НАТО оташ кушода, як сарбози амрикои ро ба қатл расондаанд. Паймони НАТО таҳқиқи ҳодисаро шурӯъ кардааст. Соли равон дар ҷараёни ҳамин гуна ҳамлаҳои сарбозони афғон ва ё ошӯбгарон, ки либоси артиши афғонро дар тан доштаанд, беш аз 25 сарбози нерӯҳои эътилофи байналмилалии мустақар дар Афғонистон ба ҳалокат расидаанд. Соли гузашта дар ҳамин гуна ҳамлаҳо 20 нафар кушта шуда буданд.